Душанбе, 05 июни соли 2013 – Аз 13 то 31-уми майи соли ҷорӣ дар чор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Хуҷанд) семинар-тренингҳои омӯзишӣ барои хоҳишмандоне, ки тибқи эълони пешакӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни интихоби вазифаҳои роҳбар, ёвар, маъмури калон ва маъмури имтиҳонии марказҳои имтиҳонӣ ҳуҷҷат супорида буданд, доир гардид. Дар рафти семинар-тренингҳои омӯзишӣ 280 нафар хоҳишмандон иштирок варзиданд. Семинар-тренингҳои омӯзишӣ дар асоси модул ва барнома тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар анҷоми семинар-тренингҳои омӯзишӣ барои мустаҳкам намудани маводди омӯзишӣ ба иштирокчиёни семинар-тренинг видеоролики омӯзишӣ намоиш дода шуд.
Баъд аз гузаронидани семинар-тренингҳои омӯзишӣ озмуни интихоб ба вазифаҳои дар боло зикргардида гузаронида шуда, хоҳишмандони аз озмун гузашта дар давраи супоридани имтиҳонҳои Озмоиши калон, ки аз 15 то 22-юми июни соли 2013 идома меёбад, ба кори мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.