Ба диққати довталабони гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 5 – “Тиббӣ, биологӣ ва варзиш” расонида мешавад, ки бинобар сабаби роҳ ёфтани хатои техникӣ дар саволи зерин аз фанни “Химия” ҷавобҳои ҳамаи довталабон ба ин савол дуруст ҳисобида шуда, ба онҳо мувофиқан 1 хол дода мешавад:
“Бо 0,1 мол кислотаи консентронидаи нитрат чанд ҳаҷм H2S (ш.м.) ба реаксия дохил мешавад? (Ҷавоби дуруст: 0,28 л)”
Эзоҳ: ҷавоби дуруст иштибоҳан дар шакли 2,80 дода шудааст.
Лозим ба қайд аст, ки дар чунин ҳолатҳо тибқи тартиби муқарраргардида новобаста аз ҷавобҳои додаи довталабон бо назардошти навъи саволу масъалаҳои тестӣ ба онҳо холи мувофиқ дода мешавад.