Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

CЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШИИ ТРЕНЕРОН

Нашр шуд: 25 Майи 2016
Диданд: 1581

Душанбе, 25-уми майи соли 2016

Тибқи нақшаи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-ум то 19-уми майи соли 2016 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби шаҳри Душанбе семинари омӯзишии тренерон доир гардид. Лозим ба қайд аст, ки тренерони ҷалбгардида минбаъд барои гузаронидани семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ, аз ҷумла роҳбарону ёварони роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ, маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагон дар шаҳру ноҳияҳои вобасташудаи ҷумҳурӣ вазифадор карда мешаванд.

Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз 12 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ наздик ба 30 нафар хоҳишманд барои иштирок дар семинари омӯзишии дурӯзаи тренерон даъват шуда буданд. Барои баргузории семинари мазкур аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, маводи зарурии иттилоотӣ ва методию дастурӣ омода карда шуд.

Семинар барои ду гурӯҳи алоҳидаи тренерон тибқи барнома ва модули омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар раванди семинар ба иштирокдорон дар мавзӯъҳои “Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2016: хусусият, бартарӣ ва марҳалаҳои он”, “Вазифа ва уҳдадориҳои роҳбар, ёвари роҳбар, маъмури калон, маъмури имтиҳон ва бақайдгирандаи маркази имтиҳон” ва “Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2015: натиҷа, хато ва камбудиҳои раванди имтиҳонҳо” муаррифии компютерӣ карда, ролики омӯзишии раванди имтиҳон намоиш дода шуд. Баъди баромад аз рӯйи ҳар мавзӯъ саволу ҷавоб сурат гирифта, мавзӯъҳои дахлдори раванди имтиҳон байни кормандони Марказ ва иштирокдорон баррасӣ карда шуд.

Дар раванди семинар дарсҳои амалӣ ба тариқи симулятсия гузаронида шуда, ба иштирокдорон маводи дабирӣ ва методию иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон