Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БУЗУРГДОШТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 26 Ноябри 2018
Диданд: 1190

Душанбе, 26-уми ноябри соли 2018

ruzi-parcham

23-юми ноябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ Ҷумҳурии ҷаласа доир гардид.

Ба кори маҷлис, ки бо ширкати ҳамаи кормандони Марказ гузашт, директори муассиса Икромӣ Х. И. оғоз бахшида ҳозиронро бо ин рӯзи фархунда шодбош гуфт.

Мазкур оид ба Парчами давлатӣ – ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатдорӣ, хусусиятҳои Парчами давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли инҳо сухан гуфт. Номбурда, аз ҷумла, баён дошт, ки моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлолияти давлатӣ баррасӣ мешуд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуд.

      Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ” Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” “аз 19-уми ноябри соли 2009, №563 рӯзи 24-уми ноябр “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”муқаррар карда шуд.

     Азбаски давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадима дорад, ниёгони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

     Икромӣ Х. И. идомаи суханро ба сармутахассиси фанни таърих Абдуллозода Раҳматулло дод. Мавсуф дар бораи таърихи парчам ва парчамдории тоҷикон ба аҳли нишаст маълумоти муфассал дод. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки парчамҳо таърихи беш аз 3000- сола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд. Дар китоби муқаддаси ниёгони мо “Авасто” дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст.

     Парчами аввалини давлати Тоҷикистон парчами умумии ИҶШС буд. Моҳи феврали соли 1947 Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тавсия дод, ки парчамҳои давлатии ба парчами Иттиҳод шабеҳи худро қабул кунанд.

        Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24-уми ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд. Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро дорад.

     Бо иқдоми наҷиби Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид. Майдоне, ки дар он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст, “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шуд, – қайд кард Абдуллозода Р.

    Сипас чанде аз ҳозирон ба музокира баромада, андешаҳои хешро дар хусуси Парчами давлатӣ ва моҳияту таърихи он, арҷу бузургдошти он иброз доштанд. Аз ҷумлаи кормандони Марказ Мирзоматов Н., Нуралиев А., Рустамов Ҷ. ибрози назар карда, мояи фахру сарбаландӣ будани Парчами давлатиро таъкид намуданд. Аз ҷониби музокиракунандагон, аз ҷумла, зикр карда шуд, ки ба шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо соҳиби Парчам ва дигар рамзҳои давлатии худ гашт, инчунин забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ муқаррар гашта, қадру манзалати пешинаи худро пайдо кард, аз бисёр вожаҳои бегона, ки иҷборан ба забони тоҷикӣ-форсӣ дохил карда шуда буданд, пок гардид, ки ҷойи вожаи туркии “байрақ” ва вожаҳои арабии “ливо” ва “алам” кунун роиҷ гаштани вожаҳои асилу бостонии тоҷикии “парчам” ва “дирафш” гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон