Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Нашр шуд: 04 Июли 2024
Диданд: 8696

Душанбе, 4-уми июли соли 2024

4-уми июли соли 2024-ум намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Мубиншех ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ аз марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе боздид намуданд.

Ҳадаф аз ин боздид, пеш аз ҳама, назорати риояи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти имтиҳонҳо, шароити барои имтиҳонсупории довталабон фароҳамгардида ва огоҳонидани шахсони масъули дар ин раванд ҷалбшуда оид ба пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, инчунин суҳбат бо падару модарон ва шахсони дигари довталабонро ҳамроҳикунанда оид ба масъалаҳои марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) буд.

Зимни вохӯри ва суҳбат бо шахсони масъули дар рафти имтиҳонҳо ҷалбшуда намояндаи Прокуратураи генералӣ дар хусуси аҳаммияти ИМД дар соҳаи маорифи кишвар, риояи талаботу қоидаҳои муқарраргардида дар раванди имтиҳонҳо, пешгирӣ аз амалҳои номатлубу қаллобӣ, андешидани чораҳо барои дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани имтиҳонҳо суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳар як нафари мо масъули амалҳои худ ҳастем ва чун мо фарде аз ин ҷомеаи фарҳангбунёдем, албатта, ҳар амалу гуфтори мо ба ҷомеа бетаъсир нахоҳад монд. Агар мо, ҳамчун як фарди ҷомеаи фарҳангӣ, рафтору гуфторамонро дар асоси фарҳанги миллиамон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монем, бе шак, хидмати бебаҳое дар пешрафту гулгулшукӯфоии кишвару миллатамон кардаем.

Инчунин, директори Маркази миллии тестӣ Ҷаъфарзода С. таъкид кард, ки Марказ барои дар сатҳи зарурӣ ва бо рияои қатъии тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кардани ИМД тамоми чораҳои заруриро андешида, шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор дода, онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД таъмин менамояд. Маркази миллии тестӣ арзёбии воқеӣ (объективона)-и дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабонро таъмин карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар ИМД роҳ намедиҳад, – қайд кард Ҷаъфарзода С.

Дастур дода шуд, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Сипас намояндаи Прокуратураи генералӣ ва директори Марказ бо падару модарон ва шахсони дигари довталабонро ҳамроҳикунанда, ки барои онҳо дар ҳар яке аз марказҳои имтиҳонӣ бо мақсади раванди имтиҳонҳоро аз синфхонаҳо тавассути мониторҳо мушоҳида кардан толори махсус омода карда шудааст, суҳбат карданд. Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаро гирифтани ҷавонон ва омода кардани мутахассисон тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст. Барои сазовори номи донишҷӯй гардидан, кофист, ки довталаб бартарии худро аз ҷиҳати дониш ва маҳорату малакаи бештар доштан нисбат ба довталабони дигар бо супоридани тест дар ИМД собит созад.

Дар охир ба падару модарон имкон дода шуд, ки ба намояндаи Прокуратураи генералӣ ва директори Марказ оид ба ИМД саволҳо диҳанд ва пешниҳодҳои худро ироа кунанд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон