Душанбе, 23-юми майи соли 2022
20-уми майи соли ҷорӣ кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан карданд. Ҳадаф ошноӣ бо мероси таърихӣ-фарҳангии халқи тоҷик буд.
Кормандон бо роҳнамоии мутахассис – шореҳи Осорхона якчанд толори осорхонаро дида, бахшҳои “Асри санг”, “Саразм”, “Империяи Ҳахоманишиён”, “Хазинаи Амударё”, “Давлатҳои Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён”, “Сосониён ва Ҳайтолиён”, “Панҷекати бостон”, “Мероси хаттӣ”, “Аҷинатеппа”, “Давлати Сомониён”, “Илму фарҳанг дар замони Сомониён”, “Хаттотӣ”, “Тангаҳо” ва толори махсуси “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро тамошо карданд.
Кормандони Марказ бо боздид аз осорхона дар бораи таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик – аз асри санг то даврони Истиқлолият – маълумот ва таассуроти зиёд гирифтанд.