Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШИИ ТРЕНЕРОН БАРОИ ОМОДА КАРДАНИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 15 Майи 2023
Диданд: 1145

Душанбе, 15-уми майи соли 2023

Бо мақсади гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои тренерон доир менамояд. Мақсади омода кардани тренерон аз он иборат аст, ки дар даври дуюм тренерони омодашуда кормандони муваққатии марказҳои имтиҳониро меомӯзонанд ва онҳоро барои қабулу гузаронидани имтиҳонҳо тайёр менамоянд.

Семинарҳои омӯзишӣ аз 15-ум то 16-уми майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 100 барои намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки 15 нафар шунаванда оғоз шуд.

Аз 18-ум то 19-уми май дар бинои бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки 19 нафар шунаванда, аз 18-ум то 19-уми май дар бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Бохтар барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон бо иштироки 10 нафар шунаванда ва аз 18-ум то 19-уми май дар шаҳри Кӯлоб дар муассисаи таҳсилоти умумии № 51 барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки 13 нафар шунаванда баргузор мегардад. Дар баробари ин, аз ҷумлаи кормандони асосии Марказ 23 нафар ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд ва ҳамроҳ бо тренерон дар давоми моҳи июни соли ҷорӣ дар 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

Ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории семинари омӯзишии тренерон барнома, модули омӯзишӣ ва маводди иловагии ёрирасонро омода намуда, ба шунавандагон дар асоси дарси гузашта саволномаҳо пешниҳод мекунанд.

Тибқи эълони пешакӣ барои иштирок дар озмуни интихоби корманди муваққатӣ ба ҳайси тренер 60 нафар хоҳишманд ҳуҷҷат пешниҳод намуданд. Баъд аз омӯзиш ва таҳлилҳо ба 57 нафар хоҳишмандон иҷозат дода шуд, то ки дар семинарҳои омӯзишии мазкур иштирок намоянд. Аз байни онҳо 34 нафар ба ҳайси тренер интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб карда мешаванд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври сеюм)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври сеюм)
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ (бақайдгирии давраи 3-юм)Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ (бақайдгирии давраи 3-юм)
  • Балҳои гузариш дар комбинатсияи ихтисосҳо дар ИМД-2023Балҳои гузариш дар комбинатсияи ихтисосҳо дар ИМД-2023
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2023Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2023
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Тарзи истифодаи кабинети инфиродӣТарзи истифодаи кабинети инфиродӣ

Мақолаҳо

 Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон