Душанбе, 30-юми декабри соли 2025
30-юми декабри соли 2025 ба муносибати иди Соли нав дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғоз директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ оид ба дастовардҳои Марказ дар соли 2025 суханронӣ намуда, ҳамаи кормандонро бо фарорасии соли нав табрик гуфт.
Ҷаъфарзода С. Ф. қайд кард, ки инак, боз як соли дигар ба таърих пайваст ва мо дар остонаи соли нави 2026 қарор дорем. Ҳамасола дар ин рӯзҳои фараҳбахш мо ҷамъ меоем, то як соли пур аз заҳмат ва дастовардҳоямонро ҷамъбаст намуда, ба соли нав бо умедҳои нав рӯ оварем.
Соле, ки паси сар мешавад, барои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли пурбарор, соли пур аз дастовард, заҳмати содиқона ва таҳаввулоти муҳим буд. Мо тавонистем, ки бо заҳмати дастҷамъонаи шумо – мутахассисони асил, дар самти ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаъолиятамонро назаррас анҷом диҳем ва дар ин раванд шаффофият, адолат ва баробарии имкониятҳоро барои ҳамаи довталабон таъмин кунем.
Имрӯз мо ҷамъ омадаем, то на танҳо як варақаи тақвимро иваз кунем, балки ба як соли пур аз ҳаяҷон, заҳмат ва зафарҳо нуқта гузорем. Соли 2026 барои мо на танҳо соли нав, балки соли вазифаҳои нав аст.
Ман ба ҳар яки шумо, ҳамкорони азиз, барои саҳми зиёдатон, ки дар пешрафти кори Марказ гузоштаед, изҳори сипос менамоям. Заҳмати шабонарӯзии шумо, садоқат ба касб ва ҳисси баланди масъулиятшиносии шумо имкон медиҳад, ки мо ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардем, – қайд кард директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф..
Сипас чанде аз кормандони Марказ дар робита ба соли наву таҷлили он ва дастоварду муваффақиятҳои Марказ дар соли сипаригардида андешаҳояшонро баён дошта, ҳозиринро бо фарорасии соли нав табрик гуфтанд.







