Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ ДАВЛАТӢ

Нашр шуд: 09 Сентябри 2023
Диданд: 2700

Душанбе, 8-уми сентябри соли 2023

8-уми сентябри соли 2023 дар дафтари Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор шуд, ки ба Рӯзи истиқлоли давлатӣ бахшида шуда буд.

 

Нишасти идонаро директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ кушода, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт ва зимнан роҷеъ ба истиқлоли давлатӣ ва аҳаммияти бузург ва нақши он дар сарнавишти миллати тоҷик сухан кард.

 

Мазкур, аз ҷумла қайд кард, ки 32 сол боз мардуми шарифи Тоҷикистон, халқи барӯманди тоҷик аз анвори файзрези хуршеди истиқлол баҳра мебарад. 32 сол қабл – 9-уми сентябри соли 1991 санади барои миллату давлати тоҷикон сарнавиштсоз – Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд ва ин рӯз дар таърихи Тоҷикистони навин бо ҳарфҳои заррин абадан сабт гардид. Тоҷикистони соҳибмухтору озод дар ин муддат худро на фақат ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, балки дар дунёи мутамаддини имрӯза мақому манзалати баланд пайдо кард, Соҳибистиқлолии давлатӣ – ин неъмати гаронарзиш ба ҳамватанони мо на танҳо озодию худмухторӣ, инчунин пешрафту ободӣ, ҳамдилию ҳамзистӣ ва амну осоиштагиро эҳдо кард.

Дастоварди беқиёси давлату мамлакати мо, ки ба шарофати соҳибистиқлол шуданаш ба даст омад, ба номи Сарвари хирадойини он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагию иртиботи қавӣ дорад. Таҳти роҳнамоӣ ва бо талошҳои ин абармарди таърих кишвари мо пирӯзию дастовардҳои беназирро дар муддати на чандон тӯлонӣ доро гашт, – изҳор кард Ҷаъфарзода С. Ф.

Ҳар яки моро, чун шаҳрванди мамлакат, зарур аст, ки бо сипосгузорӣ аз ин неъмати бузург – соҳибистиқлолии давлатӣ – онро қадр ва ҳифз намоем ва барои саҳм гузоштан дар рушду тараққии кишвари маҳбубамон бештар азму талош созем, – таъкид кард директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода С. Ф.

Чанде аз кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пиромуни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида карданд, аз истиқлолу озодию ватандорию меҳандӯстӣ, аз неъмати амну офият, аз пешрафтҳои бесобиқаи кишвар... сухан гуфтанд ва ҳамагонро ба арҷгузорию ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, кору пайкори бештар баҳри рушду ободии ватан даъват карданд. 

Дар ин ҷаласа ба муносибати ҷашн – Рӯзи истиқлоли давлатӣ чанде аз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мукофотҳои ҳизбӣ қадр карда шуданд. Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ бо “Ифтихорнома” ва 4 нафар корманди Марказ, ҳамчун узви Ҳизб, бо “Сипоснома”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

 

Мукофотҳоро Гадоев Абдурасул, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, ба аъзои Ҳизб – кормандони Марказ супорид.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон