Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 16 Ноябри 2018
Диданд: 1041

Душанбе, 16-уми ноябри соли 2018

ruzi-president1

15-уми ноябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ин муассиса ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.

Ба кори ҷаласа директори Марказ Икромӣ Х. И. оғоз бахшида, дар бораи сабабҳои тахассус додани ин рӯз ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъзе аз хидматҳои Сарвари кишвар сухан гуфт. Ӯ аз ҷумла, қайд кард, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2016 дар мамлакат ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Тибқи моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беандозаю хеле бузург ва арзандаи ҳар гуна ситоишу қадрдонист. Мазкур таъкид кард, ки фардо – дар Рӯзи Президент агрегати якуми НБО-и Роғун ба кор оғоз хоҳад кард, ки ин рамзист ва боиси фараҳу ифтихори мардуми кишвар аст…

       Мо – халқи шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба қадри сулҳу ваҳдат, оромию субот дар кишварамон, ки ба шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми мардуми худогоҳу худшиноси Тоҷикистон ба даст омадаанд, бирасем ва дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем, – таъкид намуд директори Марказ.

     Икромӣ Х. И. аҳли ҷаласаро ба муносибати ин ду санаи барои тамоми аҳли мамлакат муҳиму хотирмон табрику таҳният гуфта, идомаи суханро ба Азимов Ҷамшед Аслиддинзода, сардори шуъбаи таҳияи маводди имтиҳон, дод.

ruzi-prezident2

Ҷамшед Аслиддинзода ба ҳозирон оид ба баъзе ҷиҳатҳои ҳуқуқии таъйин гардидани ин рӯз ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хидматҳои беназири Пешвои миллат барои халқу миллату давлат ва амсоли ин ибрози назар кард.

Мавсуф аз ҷумла, тазаккур дод, ки ҳамчун рӯзи ид муайян кардани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба шахсият ишора надорад, балки чун рӯзи такдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи навқабулгардида аст. Бояд тазаккур дод, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар ин иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Бо дарназардошти саҳми арзанда ва хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҷлил гардидани ин рӯз ҳамчун Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор шудааст.

      6-уми ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагони ширкатварзида интихоб гардид ва 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба иҷрои вазифа шурӯъ кард. Маҳз аз ҳамон рӯз Президенти аз ҷониби халқ интихобгардида ба иҷрои фаъолияти президентӣ, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаррар намудааст, оғоз намуд. Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи Шӯрои Олӣ пас аз маросими савгандёдкунӣ тазаккур доданд: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амалӣ гардидани Конститутсия мебошад. Ман ба ҳайси Президент шуморо бовар мекунонам, ки ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳои шаҳрвандон, тамомияти арзии ҷумҳурӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳро дар ҷумҳурӣ таъмин хоҳам кард». Ӯ, дар воқеъ, дар кору пайкори хеш барои халқу миллати худ собит карда, ки ба ин савгандаш содиқ монд.

        Гузашти солҳо собит намуд, ки воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати бобарор, хирадмандонаву дурандешонаи хеш бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ дод. Ин ҳама сулҳ, ваҳдат, ободӣ, рушд, амният, ҷовидонагии давлати миллии мо натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи муҳими тақдирсози таърихи навини халқи тоҷик мебошад, ‒ гуфт Ҷ. Аслиддинзода.

    Пасон чанде аз аҳли нишаст ба музокира баромада, фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба хидматҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту ободии мамлакат, шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон баён карданд ва даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамбастагию ҳамдилӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштаи диёр баҳри рушди ҳамаҷонибаи Ватани маҳбуб, ҳифзи ин сарзамин ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд саҳмгузор бошад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон