Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШӢ ДАР БАЙНИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

Нашр шуд: 19 Ноябри 2024
Диданд: 1160

Душанбе, 19-уми ноябри соли 2024

Барои бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) шинос кардани синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ин хатмкунандагон аз рӯйи низоми мазкур имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар мувофиқа бо раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи директорони муассисаҳои таълимӣ рӯйхати хатмкунандагон бо интихоби гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо)-яшон, ки бо он дар имтиҳонҳои озмоишӣ иштирок хоҳанд кард, пешниҳод гардид.

Дар умум, аз 56 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯйхати 11058 нафар хатмкунандагон пешниҳод шуд. Дар асоси рӯйхатҳо ва гурӯҳи ихтисосҳои хатмкунандагон ҷудо ва таъйин кардани 1025 синфхонаи имтиҳонӣ дар назар дошта шудааст.

Имтиҳонҳои озмоишӣ дар давоми моҳҳои ноябр-декабри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 56 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар имтиҳонҳои озмоишӣ аз 530 муассисаи таълимӣ хатмкунандагон ҷалб карда мешаванд. Баъд аз анҷоми имтиҳонҳои озмоишӣ аз тарафи кормандон ва мутахассисони Маркази миллии тестӣ варақаҳои ҷавобҳои хатмкунандагон санҷида шуда, натиҷаҳои имтиҳонҳои мазкур тавассути раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таълимӣ ирсол карда мешаванд.

 Хатмкунандагоне, ки бо сабабҳои гуногун дар имтиҳонҳои озмоишӣ иштирок намекунанд ё муассисаҳои таълимии онҳо ба имтиҳонҳои озмоишӣ ҷалб карда нашуданд, метавонанд аз сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ (www.ntc.tj) истифода бурда, тавассути хизматрасонии “Худро бисанҷ” бо низоми ИМД шинос шаванд ва барои санҷидани худ аз он истифода баранд.

 Бояд хотиррасон кард, ки Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар заминаи Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсат бо истифода аз барномаи хизматрасонии “Худро бисанҷ” имтиҳонҳои озмоиширо роҳандозӣ менамояд ва хатмкунандагон метавонанд аз тариқи компютер дониши худро санҷанд.

 Мақсад аз гузаронидани имтиҳонҳои озмоишӣ, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо шинос шудан ба навъи саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонӣ, тарзу қоидаҳои имтиҳонсупорӣ ва пайдо намудани масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ мебошад.

Раёсати ташкил ва идораи имтиҳони
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон