Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ҶУМҲУРӢ

Нашр шуд: 23 Ноябри 2023
Диданд: 7362

Душанбе, 23-юми ноябри соли 2023

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоиширо тибқи нақша баргузор карда истодааст.

Мақсад аз баргузории имтиҳонҳои мазкур муайян намудани сатҳи дониши хонандагони синфи 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз субтестҳо – фанҳои имтиҳонӣ, шиносонидани онҳо бо маҷмуи фанҳои имтиҳонӣ ва таркибу сохтори саволу масъалаҳои тест, баланд бардоштани масъулияти хатмкунандагон барои супоридани имтиҳонҳо аз рӯйи тарҳи ҷории маҷмуи фанҳои имтиҳонии низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) аст. Имтиҳонҳои озмоишӣ, ки аз 14-уми ноябри соли 2023 оғоз гардид, тибқи нақша, вобаста ба шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии интихобгардида то 15-уми декабри соли 2023 идома меёбанд.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  29‑уми апрели соли 2023, №188 тасдиқ шудааст, гузаронидани имтиҳонҳои озмоишӣ интихобан дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ дар шакли тест яке аз вазифаҳои Марказ бо мақсади омода намудани хатмкунандагон ба имтиҳонҳои воқеӣ аст.

Вобаста ба ин, Марказ дар асоси натиҷаҳои ИМД-2023 беш аз 300 муассисаи таълимиро аз 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ интихоб кардааст, ки тибқи пешниҳоди ин муассисаҳо беш аз 6 000 хонандаи синфи 11-ум барои иштирок дар ин имтиҳонҳо аз рӯйи гурӯҳҳои ихтисосҳои интихобкардаашон номнавис шудаанд. Имтиҳонҳо бо истифода аз китобчаҳои тести ИМД‑2023 тибқи забони имтиҳонсупории интихобкардаи хонандагон ба забони тоҷикӣ ва русӣ баргузор карда мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/namunai-savolu-mas-ala-oi-olimpiada-oi-fann.html) гунаи электронии китобчаҳои тест ва варақаҳои ҷавоб ҷойгир карда шудааст. Муассисаҳои таълимие, ки аз ҷониби Марказ барои баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ интихоб нагардидаанд, метавонанд бо истифода аз китобчаҳои тести дар сомонаи Марказ ҷойгиршуда барои хонандагон имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор кунанд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон