Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 24 Феврали 2023
Диданд: 1897

Душанбе, 23-юми феврали соли 2023

23-юми феврали соли 2023 дар маҷлисгоҳи дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ва кормандони он ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ кушода, кормандони Марказро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард. Ӯ, аз ҷумла қайд кард, ки Артиши миллӣ аз ҷумлаи аркони давлатдорӣ  ба ҳисоб меравад, зеро ҳеҷ як мамлакате бе артиш, бе қувваҳои мусаллаҳ наметавонад, ки ҳифзи истиқлоли давлатию мулкиашро таъмин намояд. Яъне, дар таъмини амнияту субот ва бақои давлат артиш нақши бисёр муҳимро дорад ва дар тамоми давру замон Қувваҳои Мусаллаҳи ҳар як давлату мамлакат омили асосии оромию осоиштагии мардум аст.

Артиши миллии Тоҷикистон дар ҷои холӣ, дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ шакл гирифтааст, яъне бунёдаш аз сифр оғоз ёфтааст. Зеро кишварҳои навтаъсиси пасошӯравӣ баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ қувваҳои мусаллаҳашонро асосан дар заминаи биною иншооти дорои аҳаммияти ҳарбии меросгирифта аз он бунёд карданд. Аммо Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ягон техникаву таҷҳизоти ҷангӣ ва аслиҳае, умуман, меросе дар соҳаи ҳарбӣ гирифта натавонист. Бояд таъкид кард, ки аз байни понздаҳ ҷумҳурии собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ пас аз пошхӯрии он Тоҷикистон ягона давлате буд, ки аз артиши шӯравӣ чизе мерос нагирифта буд. Ҳол он, ки ҷумҳуриҳои дигар қисмҳои ҳарбии дар қаламравашон ҷойгирбударо бо тамоми техникаи ҳарбӣ ва муҳиммоту лавозимоти ҷангӣ соҳиб шуда, онро миллӣ гардониданд ва ба ҳамин васила артишу сохторҳои дигари низомиашонро таъсис доданд. Бунёду таъсиси Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлоли давлатӣ – дар марҳалаи хеле муташанниҷу ҳассоси таърихӣ сурат гирифт. Ин замоне буд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Бинобар ин, мамлакати моро зарур буд, ки бо ҳар роҳе воситае, ки бошад,  Артиши миллиашро таъсис диҳад.

Моҳи феврали соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва дар заминаи Фронти халқӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки Ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ мекарданд, Артиши миллӣ бунёд шуд. Ҳамин тавр, 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, гуфт директори Марказ.

Баъдан аз ҷониби як қатор кормандон низ суханҳои табрикотӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Дар фарҷом директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, рӯзгори босаодат, осмони соф, хушбахтии оилавӣ ва барору комёбиҳоро таманно кард.

 

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон