Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ-ҶАМЪБАСТӢ ДАР СОЛИ 2023

Нашр шуд: 08 Январи 2024
Диданд: 16675

Душанбе, 8-уми январи соли 2024

Рӯзи 8-уми январи соли 2024 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд: Марказ)  ҷаласаи ҷамъбастӣ-ҳисоботӣ дар соли ҷорӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа ҳамаи кормандони дастгоҳи асосӣ ва сардорони бахшҳои Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ширкат карданд.

Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, директори Марказ, роҷеъ ба фаъолияти муассиса дар соли сипаришаванда, бахусус оид ба корҳои анҷомдода марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД), тағйироту навгониҳои рухдода вобаста ба низоми имтиҳонҳои мазкур дар соли 2023, комёбиву дастовардҳои Марказ дар низоми ИМД ва умуман, ҳамаи самту ҷанбаҳои фаъолияти он ба таври муфассал маъруза кард. Дар суханронии мазкур, аз ҷумла, тазаккур дода шуд, ки соли сипаришаванда “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29‑уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шуд ва Марказ фаъолияташро аз рӯйи он ба роҳ монда, ИМД-ро дар ин замина мутобиқан роҳандозӣ кард. Навгонию тағйироти ба тартиб воридшуда дар низоми ИМД татбиқу амалӣ гардид, ки ин барои таъмини комилу ҳамаҷонибаи усулҳои муқарраркардаи Марказ дар фаъолияташ шароити мувофиқтару бештарро фароҳам меорад.

Директори Марказ, дар баробари ин, камбуду мушкилоти кори Марказ дар соли 2023 ва зарурати рафъи онҳо, вазифаю ҳадафҳоро барои соли оянда дар ҳисоботаш қайд кард.

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода аз ҳисоботи муфассалу фарогири директори Марказ изҳори  қаноатмандӣ карда,  зимнан қайд намуд, ки фаъолияти кормандони Маркази миллии тестӣ дар соли 2023 хеле самарабахш ва аз он ҷиҳат нисбатан фарқкунандаю пурмаҳсул буд, ки Марказ аз рӯйи тартиби нави тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан ба роҳ монд ва дар ин замина ИМД дар чор давра гузаронида шуд. Чунин тартиби баргузории имтиҳонҳо  барои таъмини як принсипи муҳимми кори Марказ – усули дастрасии баробари довталабон ба таҳсил бештар мусоидат мекунад. Ҳамчунин, дар ин маврид хоҳишмандоне, ки дар марҳалаҳои аввали имтиҳонҳо иштирок карда наметавонанд, дар давраҳои баъдии имтиҳонҳо ширкат менамоянд, яъне ин тартиби кор барои фарогирии ҳарчи бештари талабгорони таҳсил мусоидат менамояд.

Абдуллозода М. таъкид кард, ки Марказ ба дастоварду комёбиҳои ҳамасолааш қонеъ нашуда, бояд барои рафъи камбуду мушкилоти ҷойдошта ва беҳбуди фаъолияташ дар солҳои минбаъда бештар бикӯшад.

Дар охир зумрае аз ҳозирин – кормандони Марказ пиромуни гузориши ироакардаи директори Марказ фикру андеша ва пешниҳодҳошонро иброз доштанд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон