Душанбе, 19-уми ноябри соли 2019
15-уми ноябри соли 2019 ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ин муассиса ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна ҷаласа баргузор гардид.
Ҷаласа бо сухани директори Марказ Икромӣ Х. И. кушода шуд. Мазкур дар бораи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар давлатдории навини тоҷикон, қисме аз хидматҳои Сарвари кишвар сухан гуфта, аз ҷумла, қайд кард, ки тибқи моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат ва мураттабии кори мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле бузург ва арзандаи ҳар гуна ситоишу қадрдонист. Моро мебояд, ба қадри сулҳу ваҳдат ва амният дар кишварамон, ки ба шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми мардуми худогоҳу худшиноси Тоҷикистон ба даст омадаанд, бирасем ва дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем, – таъкид кард директори Марказ.
Сипас раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна ба сухан баромада, баъди табрики ҳозирон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, гуфт, ки мансаби президентӣ аз муқаррароти конститутсионӣ аст ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҳамин нукта бармеояд. Хизматҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу миллати тоҷик бесобиқаву бемисл аст ва номи ӯ ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат ҷовидон дар китоби таърихи миллату давлат сабт гардидааст. 15-уми апрели соли 2016 бо дарназардошти саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилаӣ тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 16-уми ноябри ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Пиромуни ин мавзӯъ, ҳамчунин, сармутахассиси фанни таърихи Марказ Абдуллоев Р. С. маърӯза кард.
Баъдан чанде аз аҳли ҷаласа ба музокира баромада, андешаҳои хешро дар атрофи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун иди расмӣ, хизматҳои Сарвари кишвар дар рушду нумӯи мамлакат баён доштанд ва даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамбастагию ҳамдилӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштаи диёр баҳри рушди ҳамаҷонибаи Ватани маҳбуб, ҳифзи ин сарзамин ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд саҳмгузор бошад.