Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАРГУЗОРИИ ҲАФТУМИН КОНФРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОЛОНАИ АССОТСИАТСИЯИ АВРУОСИЁИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Нашр шуд: 22 Октябри 2018
Диданд: 1121

Душанбе, 22-юми октябри соли 2018

Рӯзҳои 19-20-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҳафтумин Конфренсияи байналмилалии солонаи Ассотсиатсияи авруосиёии арзёбии сифати таҳсилот (АААСТ) таҳти унвони “Арзёбии сифати таҳсилот дар зинаҳои гуногуни он” баргузор гардид. Конфeрeнсияи мазкур муштаракан бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Россия барои мусоидат дар соҳаи маориф бо мақсади рушд (Russia Education Aid for Development), ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ роҳандозӣ мегардад ва Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Макони баргузорӣ меҳмонхонаи бошукӯҳи «Хилтон» (собиқ “Шератон”) буд.

Кори конференсия аз ҷаласаи умумӣ ва бахшҳо (сексияҳо)-и дигар бо иштироки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, институтҳои рушди таҳсилот ва агентиҳои арзёбии сифати таҳсилот, коршиносон ва муҳаққиқон дар соҳаи арзёбии сифати таҳсилот аз Федератсияи Россия ва 11 кишвари ИДМ ва хориҷи дур 2 рӯз бомаҳсул идома ёфт.

Мавзӯи маърӯзаҳо мустақиман ба мавзӯи конфренсия – “Арзёбии сифати таҳсилот дар зинаҳои гуногуни он” рабт дошт, ки ин барои татбиқи ҳадафи асосии АААСТ – таъмини фазою заминаи ягона ҷиҳати баррасии масъалаҳо, мубодилаи афкор, ҳамкориҳои судманду самарабахш дар байни шарикони соҳа, муҳаққиқону коршиносон – иштирокдорони конфренсия мусоидат хоҳад кард.

Дар конференсияи мазкур мавзӯъҳое, аз ҷумлаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳамчун абзори ҳалли масъалаҳои давлатию ҷамъиятӣ, арзёбии сифат дар зинаҳои гуногуни таҳсилот (ибтидоӣ, миёнаи умумӣ ва миёнаю олии касбӣ), омилҳои таъминсозандаи ягонагии арзёбии сифати таҳсилот, аҳаммияти таъмини ин ягонагӣ, салоҳиятҳои омӯзгорон дар арзёбии донишу маҳорат, аҳаммияти омодагии рақобатпазирии мутахассисон дар заминаи фалсафаи таҳсилот дар асри XXI ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Кори конференсия аз якчанд бахшҳо иборат буд ва яке аз ҷаласаҳои он дар шакли мизи мудаввар ба мавзӯи “Фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: комёбиҳои асосӣ ва нақши Марказ дар арзёбии сифати таҳсилот” бахшида шуда буд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон