Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ДОХИЛШАВӢ БА ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОСКВА

Нашр шуд: 20 Апрели 2021
Диданд: 3058

Душанбе, 20-уми апрели соли 2021 

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки барои дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва бақайдгирии довталабонро оғоз мекунад. Бақайдгирии довталабони мазкур аз 20-ум то 27-уми апрел дар дафтари асосии Маркази миллии тестӣ ва бахшҳои минтақавии он, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки барои қабули донишҷӯён аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва 5 бурсия (квота)-и таҳсилӣ ҷудо шудааст.

Даври аввали озмунро барои дохилшавӣ ба донишкадаи мазкур Марказ рӯзи 30‑юми апрел дар шаҳри Душанбе дар шакли тест (аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мекунад. Дар бораи макони баргузории тест ба ҳар яке аз довталабони номнависшуда тавассути телефон хабар дода хоҳад шуд.

Инчунин ба маълумоти довталабон расонида мешавад, дар даври дигари озмун, ки ба он танҳо довталабони аз тест холҳои баландтаринро соҳибшуда роҳ дода мешаванд, як имтиҳони дигар дар шакли диктант ба забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор мегардад, зеро барои таҳсил дар донишкадаи мазкур донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмист.

Дар озмун барои дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва шаҳрвандони то 35-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.

Барои бақайдгирӣ шахсони хоҳишманд бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

1. ариза ба номи директори Марказ (шакли аризаро Марказ муқаррар кардааст ва он дар Марказ ё яке аз бахшҳои минтақавии он ба довталаб пешниҳод карда мешавад);

2. шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД бо нусхааш;

3. ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:

- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ);

- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);

- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);

- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);

- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);

- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд). 

 

 

Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ

 

Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

- телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67.

 

Хоруғ: бахши минтақавии Марказ:

- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 12;

- телефон: 915 20 72 29.

 

Рашт: бахши минтақавии Марказ:

- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;

- телефон: (+992 3131) 2 15 78.

 

Хуҷанд: бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5;

- телефон: 926 44 11 48.

 

Панҷакент: бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;

- телефон: (+992 3222) 5 50 51.

 

Бохтар: бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Борбад, 13;

- телефон: (+992 3222) 3 05 41.

 

Кӯлоб: бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26;

- телефон: 915 57 90 77.

 

Данғара: бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;

- телефон: (+992 3312) 2 17 86.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон