Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАЛҲОИ ГУЗАРИШ АЗ РӮЙИ КОМБИНАТСИЯҲОИ ИХТИСОСҲО ТИБҚИ НАТИҶАҲОИ ТАҚСИМОТИ АСОСИИ ИМД-2021

Нашр шуд: 24 Январи 2022
Диданд: 37132

Душанбе, 21-уми январи соли 2022 

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шинос кардани шахсони хоҳишманд бо балҳои гузариш аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳо тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2021 ҷадвалро бо маълумот (https://stat.ntc.tj) дар ин бора дар сомонаи Марказ ҷойгир кард.

Лозим ба қайд аст, ки истифодаи ин ҷадвал дар муқоиса бо ҷадвалҳое, ки солҳои пеш алоҳида барои ҳар як муассисаи таълимӣ дар қолаби .pdf пешниҳод карда мешуд, хеле осон аст. Дар он ду унсур (элемент)-и ҷаъбаи таркиб (combobox) – (1) барои интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ва (2) барои интихоби муассисаи таълимӣ ҷой дода шудааст.

Баъди интихоби гурӯҳи ихтисосҳо аз ҷаъбаи таркиби 1-ум ва муассисаи таълимӣ аз ҷаъбаи таркиби 2-юм дар ҷадвал, ки аз 8 сутун – (1) “Гурӯҳи ихтисосҳо”, (2) “Муассисаи таълимӣ”, (3) “Ихтисос”, (4) “Шакли таҳсил”, (5) “Намуди таҳсил”, (6) “Нақша”, (7) “Озмун”, (8) “Бали гузариш” иборат аст, маълумоти зарурӣ намоиш дода мешавад. Шумораи саҳифаҳои ҷадвал аз шумораи комбинатсияҳои ихтисосҳои ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо ва муассисаи таълимии интихобшуда вобаста аст. Аз ин лиҳоз, агар шумораи комбинатсияҳои ихтисосҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо ва муассисаи таълимии интихобшуда аз 20-то зиёд бошад, барои намоиши саҳифаҳои дигари ҷадвал аз тугма (пайванд)-ҳои интихоби саҳифаи дахлдор, ки дар қисмати поёни ҷадвал ҷойгир аст, истифода кардан лозим аст.

Тавре ки зикр гардид, ҷадвали пешниҳодшуда маълумотро дар бораи қимат (нишондиҳанда)-и озмун барои 1 ҷой аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисос низ дар бар мегирад. Қимати озмун барои 1 ҷой аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисос аз рӯйи таносуби шумораи умумии интихобҳо тибқи натиҷаҳои ду марҳалаи бақайдгирӣ (асосӣ – аз 1-уми март то 30-юми апрел ва иловагӣ – аз 10-ум то 30-юми июн) ва шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида ҳисоб карда шудааст. Масалан, тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар соли 2021 барои комбинатсияи ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”, шакли рӯзонаи таҳсил ва намуди ройгони таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 284 ҷой ҷудо гардида буд ва шумораи умумии довталабоне, ки дар марҳалаҳои асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ ин комбинатсияи ихтисосро интихоб карда буданд, 17158 нафарро ташкил дода буд. Ҳамин тариқ, озмун барои 1 ҷой аз рӯйи ин комбинатсияи ихтисос ба 60 нафар баробар буд.

Хотиррасон мекунем, ки бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисос бали умумие аст, ки бо ҷамъ кардани балҳои аз қисми (ё қисмҳои) дахлдор ва бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёзҳо) бадастовардаи довталаби дар доираи шумораи ҷойҳои нақшаи қабули донишҷӯён ҷудокарда аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимотшуда ҳосил мегардад. Бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он тибқи ҳар як комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад. Масалан, агар комбинатсияи ихтисоси дар боло зикргардидаро гирем, бо назардошти бартарии интихобҳо аз шумораи умумии довталабони комбинатсияи ихтисоси зикршударо интихобкарда, ки 17158 нафарро ташкил медод, 14857 нафари нисбат ба довталабони дигар балҳои баланддошта гузаронида шуда, бали довталаби аз ҳама охир – 284‑ум (зеро тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳ аз рӯйи ин комбинатсияи ихтисос 284 ҷой ҷудо гардидааст) тақсимшуда 469,9541-ро ташкил дод.

Бояд таъкид кард, ки бали гузариш тибқи ҳар як комбинатсияи ихтисосҳо ҳеҷ гоҳ барои довталаб наметавонад ҳамчун як роҳнамо барои интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо бошад, зеро бали гузариш аз рӯйи як комбинатсияи ихтисос дар ҳар озмуни тақсимот гуногун аст (ҳамчунин ҳар сол). Масалан, дар ИМД-2021 бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 131050104 – “Химия. Экология” шакли рӯзонаи таҳсил ва намуди ройгони таҳсил дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ 294,4098 буду дар озмуни тақсимоти такрорӣ ба 387,2302 баробар шуд, яъне баланд гардид. Баръакс, бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 102030604 – “Забони франсавӣ. Забони англисӣ”, шакли рӯзонаи таҳсил ва намуди ройгони таҳсил дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ 359,4864 буду дар озмуни тақсимоти такрорӣ ба 301,1653 баробар шуд, яъне паст гардид. Ҳамчунин бали гузариш мутобиқи комбинатсияи ихтисоси 125010403 – “Андоз ва андозбандӣ”, шакли рӯзонаи таҳсил ва намуди ройгони таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2019 ба 347,0257, дар соли 2020 ба 378,6002 ва дар соли 2021 ба 358,6322 баробар буд.

Вобаста ба ин, ҳангоми интихоби комбинатсияи ихтисосҳо ба назар гирифтани бали гузариши қаблии онҳо метавонад боиси ба иштибоҳ роҳ додани довталаб гардад. Аз ин рӯй, тавсия дода мешавад, ки довталаб барои роҳнамоӣ дар интихоб на балҳои гузариш аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳоро тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти солҳои пешин, балки таносуби шумораи умумии интихобҳо аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисосҳо ва шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён барои ин комбинатсия ҷудогардидаро дар соли баргузории имтиҳон ба назар гирад.

Хотиррасон менамоем, ки ҳамасола дар раванди бақайдгирӣ маълумоти оморӣ дар бораи шумораи довталабони бақайдгирифта дар бахши “Ҳисоботи даврӣ”-и сомонаи Марказ ҷой дода мешавад. Марказ маълумоти омории бақайдгириро вобаста ба: шаҳру ноҳияҳо; интихоби муассисаҳои таълимӣ; дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён ва интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ таҳия карда, мунтазам дар сомонаи худ ҷойгир менамояд. Маълумоти оморӣ вобаста ба шаҳру ноҳияҳо, интихоби муассисаҳои таълимӣ ва дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён ҳар рӯз ва вобаста ба интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ дар давоми ҳар 10 рӯз дар сомона ҷойгир карда мешавад.

Мақсад аз мунтазам дар сомонаи Марказ ҷойгир кардани маълумоти омории рафти бақайдгирӣ роҳнамоӣ кардани довталабон барои интихоби дурусти гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ва комбинатсияи ихтисосҳо аст. Яке аз ҳадафҳои ба роҳ мондани азнавбақайдгирӣ низ ҳамин буд, ки довталабон маълумоти омории рафти бақайдгириро ба назар гирифта, дар хусуси гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон хулосаи дурусту қатъӣ бароранд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон