Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАХТНОМА ВА РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

Нашр шуд: 03 Ноябри 2023
Диданд: 4188

Душанбе, 3-юми ноябри соли 2023

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муқаддасу сарнавиштсозест, ки истиқлоли давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, аркони сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии рушди давлату ҷамъиятро бо меъёрҳои ҳуқуқӣ дақиқу муайян кард. Ин бахтномаи миллат шаҳодатномаи давлати соҳибистиқлоли мост, ки ба шарофати он аҳли башар Тоҷикистонро чун як ҷузъи комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тоҷиконро чун мардуми мутамаддину бунёдкор шинохтаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ин рӯз ҳар сол ҳамчун Рӯзи Конститутсияи мамлакат ҷашн гирифта мешавад.

Ба муносибати ин рӯзи таърихӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор шуд.

Ҷаласа бо сухани муқаддамотии директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ оғоз гардид. Мазкур, аз ҷумла қайд кард, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистон яке аз дастовардҳои намоёни таърихӣ дар замони истиқлоли давлатист. Конститутсия дар масири бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши хеле муҳимро дорост.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсису рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари кори онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ асос гузошта, таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистонро кафолат медиҳад, – гуфт Ҷаъфарзода С.Ф.

Директори Марказ Ҷаъфарзода С.Ф вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд будани арҷгузорию эҳтиром ва риояи бечунучарои Конститутсияи ҷумҳуриро таъкид карда, дар хотимаи сухан ҳозиринро ба муносибати иди бузурги давлатӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт.

Баъдан аз таърихи Конститутсия дар ҷумҳурӣ ва пиромуни аҳаммияту нақши Конститутсия мутахассиси фанни таърихи Марказ Зарифов Н. барои аҳли маҷлис маъруза кард. Дар атрофи мавзуъ якчанд аз аҳли маҷлис музокира ва изҳори ақида намуданд.

Дар бахши дувуми ҷаласа чанде аз кормандон бо мукофотҳои соҳавӣ – нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳо, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардида буд, арҷгузорӣ шуданд.

Дар ин ҷаласа, ҳамчунин ба 2 нафар корманд шаҳодатномаи узвият ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон супорида шуд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон