Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

Нашр шуд: 24 Феврали 2017
Диданд: 959

Душанбе, 24-уми феврали соли 2017

Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ», «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”, “Дар бораи кӯмакҳои иҷтимоии унвонӣ”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила, Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси андоз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, асосҳои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо ва имтиёзҳоро ба шахсони бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозгардида муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», асосҳои ҳуқуқию ташкилии низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтиро муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳа равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти калонсолон” муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба низом ва идоракунии таҳсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методӣ ва кадрӣ, инчунин фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон танзим намуда, ҷиҳати ҳарчи бештар ба касбу кори ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгу фаро гирифтани шахсони калонсол равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кӯмакҳои иҷтимоии унвонӣ” асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ ва молиявии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро ба оилаҳои камбизоат муайян менамояд. Аз ҷумла тартиби муроҷиат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, шаклҳои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, таъйин кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, тартиби муайян кардан ва ба ҳисобгирии шаҳрвандоне, ки ба кумаки унвони ниёз доранд, асосҳои қатъ намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати қабули қарор дар бораи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандоне, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муроҷиат менамоянд, Феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва паҳлӯҳои дигари масъала ба танзим фаро гирифта шудааст.

Инчунин тағйиру иловаҳое, ки ба як қатор Қонунҳо, аз ҷумла, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дигар санадҳои қонунгузорӣ ворид карда шудаанд, ҷиҳати тақвияти мубориза бо коррупсия равона гардидаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ” бо мақсади такмили қонунҳои амалкунанда ва мутобиқ намудани меъёри онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ барои таҳкими қонуният, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

http://president.tj/node/14628

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон