Душанбе, 19-уми марти соли 2015
Ба диққати довталабон!
Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2015 тақсимоти такрории довталабон ба муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта нашудааст.
Вобаста ба ин, тасвия медиҳем, ки аз ҳуқуқи ба шумо додашуда истифода карда, 12 ихтисосро интихоб намоед. Зеро ин имконияти дар озмуни тақсимот муваффақ гардидани довталабонеро, ки холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳо соҳиб мегарданд, афзун мекунад.
Хотиррасон мекунем, ки соли ҷорӣ довталаб метавонад то 12 ихтисосро интихоб намояд. Интихоби пешакии забони таҳсил бекор карда шудааст. Дар сурати интихоб кардани 12 ихтисос ва мавҷуд будани якчанд забони таҳсил дар онҳо имконияти дар озмуни тақсимот муваффақ гардидани довталабон боз ҳам меафзояд.