Душанбе, 16-уми декабри соли 2025
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври чоруми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 иштирок кардаанд, мерасонад, ки азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз 16‑ум то 17-уми декабри соли равон сурат мегирад.
Хотиррасон мекунем, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақсимоти такрорӣ довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки дар тақсимот (-и асосӣ) дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд.
Барои иштирок дар ин тақсимот довталабони хоҳишманд бояд аз 16-ум то 17-уми декабр дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз нав аз қайд гузаранд. Довталаб метавонад барои гирифтани маълумот дар бораи макони азнавбақайдгириаш тавассути телефон (рақамҳо: 224 53 68 ва 224 53 73) бо шахси масъули Марказ дар тамос шавад.
Қайд бояд кард, ки бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ танҳо дар бинои асосии Марказ ва бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки рӯйхаташон дар зер оварда шудааст, гузаронида мешавад.
Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ
1. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 (нуқтаи роҳнамо – боғи фарҳангию фароғатии ба номи С. Айнӣ);
- телефонҳо: 224-53-68, 224-53-73, 44-600-40-02, 44-600-40-06.
2. Хоруғ – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (нуқтаи роҳнамо – маркази шаҳр, муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);
- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.
3. Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (нуқтаи роҳнамо – маҳаллаи Бофанда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов);
- телефон: 926-44-11-48, 927-55-61-19.
4. Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов);
- телефон: 871-25-09-09.
5. Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4);
- телефон: 888-88-03-08.
6. Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Давлаталӣ Назаров);
- телефон: 918-57-90-77.
7. Ноҳияи Данғара – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- кӯчаи Марказӣ, 32 (нуқтаи роҳнамо: шуъбаи маориф, Донишгоҳи давлатии Данғара);
- телефон: 939-32-55-65, 106-88-86-88, 553-55-95-52.
8. Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф);
- телефон: 988-18-86-78, 918-28-29-30.
Масъалаҳои марбут ба азнавбақайдгирӣ (аз ҷумла, имкони интихоби ихтисосҳо аз гурӯҳҳои ихтисосҳои дигар) ва низоми миқёсгузорӣ дар тақсимоти такрорӣ дар Тартиби тақсимоти такрорӣ ва такрории иловагӣ довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2025, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми августи соли 2025, № 1000 тасдиқ гардидааст, муфассал баён карда шудааст. Матни пурраи Тартиби мазкур дар зер оварда шудааст.
Дар тақсимоти такрорӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2025, аз ҷумла бинобар ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудани довталабони дар тақсимоти асосӣ комёбшуда холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад. Натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси балҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути низоми иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 19‑уми декабр эълон мегардад.
Довталабе, ки дар тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирок карданро дорад, дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро метавонад интихоб намояд.


