Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ АЗ РӮЙИ НАТИҶАҲОИ ДАВРҲОИ ЯКУМ ВА ДУЮМИ ИМД 2026

Нашр шуд: 04 Августи 2026
Диданд: 3683

Душанбе, 4‑уми августи соли 2026

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 иштирок кардаанд, мерасонад, ки азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз 11‑ум то 13-уми август сурат мегирад.

Хотиррасон мекунем, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақсимоти такрорӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок карданро доранд:

- довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд;

- довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб аз тақсимот гузаштаанд, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

Барои иштирок дар ин тақсимот довталабони хоҳишманд бояд дар рӯз ва вақти дар паёмак нишондода, ки ба ҳар довталаб фиристода шудааст, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ (НБ) ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз нав сабти ном кунанд. Агар довталаб бо сабабе ин паёмак (SMS)‑ро дарёфт накарда бошад, барои гирифтани маълумот дар бораи рӯз ва макони азнавбақайдгириаш тавассути телефон (рақамҳо: 224 53 68 ва 224 53 73) бо шахси масъули Марказ дар тамос шавад.

Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар заминаи онҳо барои азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ тибқи натиҷаҳои ИМД 2026 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд

 

Р/т

Рақами НБ

Муассисае, ки дар заминаи он НБ ташкил карда мешавад

ном

нишонӣ

нуқтаи роҳнамо

Шаҳри Душанбе

1

01/01

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 189

чорроҳаи истгоҳи “Водонасос”

2

01/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистони ноҳияи Исмоили Сомонӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15

хонаҳои Қайроққум дар роҳи бетонӣ (дар муқобили шаҳраки донишҷӯёни ДМТ)

3

01/03

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 25 ба номи Убайд Раҷаб

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59

беморхонаи “Қаряи боло”

4

01/04

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 56

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ, 67а

бозорчаи “Дӯстӣ”

5

01/05

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 90-и ноҳияи Сино

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи А. Сино, 139/9

Прокуратураи генералӣ

6

01/06

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 95‑и ноҳияи Сино

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон-1

маҳаллаи Зарафшон

7

01/07

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 24-и ноҳияи Фирдавсӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 61

бозори “Саховат”, паси тарабхонаи “Суғдиён”

8

01/08

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

маркази савдои “Ёқут-2000”, чойхонаи “Вохӯрӣ” (саристгоҳи роҳи оҳан)

Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

9

01/09

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 98

шаҳри Турсунзода, маҳаллаи 3-юм

маркази савдои “Ветеран”

10

01/10

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Рашт

ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27

маркази ноҳия (шаҳраки Ғарм)

Вилояти Суғд

11

02/01

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимии шаҳри Хуҷанд

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5

маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат)

12

02/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и шаҳри Хуҷанд

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Гулбаҳор

бозори “Панҷшанбе”

13

02/03

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19

шаҳри Хуҷанд,

маҳаллаи 12

клиникаи байналмилалии “Мармед”

14

02/04

Гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонови шаҳри Истаравшан

шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93

бонки “Эсхата” (маҳаллаи Қаробек)

15

02/05

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов

шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208

бозори масолеҳи сохтмонии “Ҳумо”, бозори либос

Вилояти Хатлон

16

03/01

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и шаҳри Бохтар

шаҳри Бохтар, кӯчаи А. Расулов, 35

кӯдакистони № 10, комбинати ордбарорӣ

17

03/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ба номи      А. У. Муминови шаҳри Бохтар

шаҳри Бохтар, маҳаллаи Кайҳоннавардон, 22

кохи “Лоҳутӣ”

18

03/03

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Анварбек Ҳамидови шаҳри Бохтар

 шаҳри Бохтар, кӯчаи Дзержинский, 17

Маркази ҷавонон

19

03/04

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Кӯлоб

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40

боғи фарҳангӣ

20

03/05

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи
Ш. Шоҳини шаҳри Кӯлоб

шаҳри Кӯлоб,

кӯчаи С. Сафаров, 3

Бинои Саноатсодиротбонк дар шаҳри Кӯлоб

21

03/06

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Д. Назарови шаҳри Кӯлоб

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385

роҳи марказӣ

22

03/07

Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун

ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30

шуъбаи маориф

23

03/08

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Борон Назурови ноҳияи Ёвон

ноҳияи Ёвон, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 15

беморхонаи ноҳиявӣ

24

03/09

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷ.д. Ҳалевард, деҳаи Сари роҳ, 4

Бинои ҷамоати деҳоти Ҳалевард

25

03/10

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Шаҳритус

ноҳияи Шаҳритус, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 54

Маркази таҳсилоти иловагӣ

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

26

04/01

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28

маркази шаҳр

 

Барои шарҳу тавзеҳи Масъалаҳои марбут ба азнавбақайдгирӣ (аз ҷумла, имкони интихоби ихтисосҳо аз гурӯҳҳои ихтисосҳои дигар) ва низоми миқёсгузорӣ дар тақсимоти такрорӣ маълумоти муфассал рӯзҳои наздик дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад.

Дар тақсимоти такрорӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2026, аз ҷумла бинобар ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудани довталабони дар тақсимоти асосӣ комёбшуда холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад. Натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси балҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути низоми иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 17‑уми август эълон мегардад. Довталабе, ки дар тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирок карданро дорад, дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро метавонад интихоб намояд.

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври дуюми бақайдгирӣ (тақсимоти такрорӣ)Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври дуюми бақайдгирӣ (тақсимоти такрорӣ)
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2026Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2026
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тести имтиҳонҳои иловагӣҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тести имтиҳонҳои иловагӣ
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тестҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон