Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Азнавбақайдгирӣ ва тақсимоти такрории довталабон

Нашр шуд: 18 Августи 2014
Диданд: 1256

Душанбе, 18 августи соли 2014

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ба даст овардаанду лекин тибқи озмуни тақсимот бинобар мувофиқат накардани баллҳо ба ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд, мерасонад, ки аз 26 август азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ шурӯъ мегардад.

Тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 16/4 аз 31 июли соли 2014 дар ҳолати дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ холӣ мондани ҷойҳои ҷудошудаи нақшавӣ баъди тақсимоти асосӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳони умумии қисми А (забони тоҷикӣ,  математика, таърихи ҳалқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) тақсимоти такрории довталабони хоҳишманди аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми А ва Б холи гузаришро бадастоварда гузаронида мешавад. Тибқи тартиби муқарраргардида довталаб барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ метавонад то 10 ихтисоси дорои ҷойҳои холиро танҳо дар доираи як кластер (гурӯҳи ихтисосҳо) интихоб намояд.

Барои азнавбақайдгирӣ довталабро зарур аст, ки дар яке аз шуъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” 14 сомонӣ пардохт намуда, расид (квитансия), шиноснома ва варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаро ба нуқтаи азнавбақайдгирӣ пешниҳод намояд.

Довталабоне, ки дар озмуни тақсимот ба яке аз интихобҳояшон гузаштаанд, дар сурати даст кашидан аз ихтисоси ба он тақсимшуда ҳуқуқи азнавқайдгирӣ ва иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро надоранд ва ҷойҳои онҳо дубора ҳамчун ҷойи холӣ барои тақсимоти такрорӣ эълон карда мешавад.

Довталабони хоҳишманди аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми А ва Б холи гузаришро бадастоварда, ки аз озмуни тақсимот нагузаштаанд, метавонанд ба нуқтаҳои азнавбақайдгирии зерин  муроҷиат намоянд:

1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 192, телефонҳо: 224-53-66, 224-53-67, 224-53-68).

2. Хуҷанд: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 (шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников 79, телефонҳо: 915-98-00-69, 915-98-00-89).

3. Қӯрғонтеппа: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 (шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Мирзоқодирова 7, телефонҳо: 915-98-00-58, 915-98-00-71).

4. Кӯлоб: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 (шаҳри Кӯлоб, хиёбони И.Сомонӣ 2, телефонҳо: 915-98-00-58, 915-98-00-71).

5. Хоруғ: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (шаҳри Хоруғ, , телефонҳо: 915-98-00-51, 93-515-30-22).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон