Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки тибқи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хоҳиши шаҳрвандон, дар доираи марҳалаи азнавбақайдгирӣ то таърихи 30 апрел бақайдгирии довталабони азқайднагузашта низ идома хоҳад ёфт.
Бояд гуфт, ки айни замон теъдоди онҳое, ки номнавис шудаанд, 49958 нафарро ташкил мекунад. Инчунин тибқи маълумоти оморӣ шумораи довталабон дар кластерҳои 4 (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) нисбат ба нақшаи қабул ба маротиб зиёд мебошад. Шумораи ками довталабон ба кластери 1 (табиӣ ва техникӣ) рост меояд.
Маълумоти омориро аз марҳалаи сабтиномшавии иловагӣ метавон тавассути сомонаи Марказ пайдо кард.