Душанбе, 23‑юми августи соли 2024
Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ ва такрорӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд, расонда мешавад, ки азнавбақайдгирии довталабони мазкур барои иштирок дар озмуни сеюм – тақсимоти такрории иловагӣ тибқи натиҷаҳои даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 аз 24‑ум то 26-уми август сурат мегирад.
Хотиррасон мекунем, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ ё такрорӣ ба ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале, бинобар гирифториашон ба бемориҳо муайян, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд, низ дар тақсимоти такрории иловагӣ ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Барои иштирок дар ин тақсимот довталабони хоҳишманд бояд дар рӯз ва вақти дар паёмак нишондода, ки ба ҳар довталаб фиристода шудааст, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз нав аз қайд гузаранд. Агар довталаб бо сабабе ин паёмакро дарёфт накарда бошад, барои гирифтани маълумот дар бораи рӯз ва макони азнавбақайдгириаш тавассути телефон (рақамҳо: 224 53 68 ва 224 53 73) бо шахси масъули Марказ дар тамос шавад.
Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестӣ, ки дар заминаи онҳо барои азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрории иловагӣ тибқи натиҷаҳои ИМД 2024 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд
Р/т |
Рақами НБ |
Муассисае, ки дар заминаи он НБ дар ташкил карда мешавад |
||
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо |
||
Шаҳри Душанбе |
||||
1 |
01/01 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59 |
беморхонаи “Қаряи боло”, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” |
2 |
01/02 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17 |
маркази савдои “Ёқут-2000”, чойхонаи “Вохӯрӣ” (саристгоҳи роҳи оҳан) |
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
||||
3 |
01/03 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Рашт |
ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27 |
маркази ноҳия (шаҳраки Ғарм) |
Вилояти Суғд |
||||
4 |
02/01 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимии шаҳри Хуҷанд |
шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 |
маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат) |
5 |
02/02 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов |
шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 |
бозори масолеҳи сохтмонии “Ҳумо”, бозори либосӣ |
Вилояти Хатлон |
||||
6 |
03/01 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и шаҳри Бохтар |
шаҳри Бохтар, кӯчаи А. Расулов, 35 |
боғчаи кӯдаконаи № 10, комбинати ордбарорӣ |
7 |
03/02 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Кӯлоб |
шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40 |
боғи фарҳангӣ |
8 |
03/03 |
Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун |
ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 |
шуъбаи маориф |
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
||||
9 |
04/01 |
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28 |
маркази шаҳр |
Масъалаҳои марбут ба азнавбақайдгирӣ (аз ҷумла, имкони интихоби ихтисосҳо аз гурӯҳҳои ихтисосҳои дигар) ва низоми миқёсгузорӣ дар тақсимоти такрории иловагӣ дар Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2024, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2024, № 902 тасдиқ гардидааст, муфассал баён карда шудааст. Матни пурраи Тартиби мазкур дар зер оварда шудааст.
Дар тақсимоти такрории иловагӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосӣ ва такрорӣ дар асоси натиҷаҳои даврҳои якум ва дуюми ИМД 2024, аз ҷумла бинобар ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудани довталабони дар тақсимоти асосӣ комёбшуда холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад. Натиҷаҳои тақсимоти такрории иловагӣ, ки дар асоси балҳои аз даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути низоми иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 29‑уми август эълон мегардад.
Довталабе, ки дар тақсимоти такрории иловагӣ ҳуқуқи иштирок карданро дорад, дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро метавонад интихоб намояд.
Тартиби интихоби ихтисосҳои супоридани субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ)-ро талабкунанда ва низоми балгузорӣ аз рӯйи субтестҳои ин қисм чунин аст:
Р/т |
Ҳуқуқ барои интихоби гурӯҳи ихтисосҳо вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳои аввалӣ |
Низоми шкалабандӣ (бали ҳадди аксар) |
|||
гурӯҳи ихтисосҳои аввалӣ |
гурӯҳи ихтисосҳое, ки довталаб онҳоро метавонад интихоб кунад |
ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд1 |
ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд |
ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд |
|
1 |
1-ум – табиӣ ва техникӣ |
1-ум – табиӣ ва техникӣ |
А1 – 125 бал, А2 – 125 бал, А3 – 125 бал, А4 – 125 бал |
А1 – 75 бал, А2 – 175 бал, В – 250 бал |
Шкалаҳои муқарраргардида тибқи феҳристи тасдиқшуда2 |
2 |
2-юм – иқтисод ва география |
2-юм – иқтисод ва география |
А1 – 125 бал, А2 – 125 бал, А3 – 125 бал, А4 – 125 бал |
– |
Шкалаҳои муқарраргардида тибқи феҳристи тасдиқшуда2 |
1-ум – табиӣ ва техникӣ |
А1 – 125 бал, А2 – 125 бал, А3 – 125 бал, А4 – 125 бал |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
||
3 |
3-юм – филология, педагогика ва санъат |
3-юм – филология, педагогика ва санъат |
Шкалаҳои муқарраргардида тибқи феҳристи тасдиқшуда2 |
А1 – 75 бал, А2 – 175 бал, В – 250 бал |
Шкалаҳои муқарраргардида тибқи феҳристи тасдиқшуда2 |
1-ум – табиӣ ва техникӣ |
А1 – 125 бал, А2 – 125 бал, А3 – 125 бал, А4 – 125 бал |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
||
2-юм – иқтисод ва география |
А1 – 125 бал, А2 – 125 бал, А3 – 125 бал, А4 – 125 бал |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
||
4 |
4-ум – ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ |
4-ум – ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ |
Шкалаҳои муқарраргардида тибқи феҳристи тасдиқшуда2 |
А1 – 75 бал, А2 – 175 бал, В – 250 бал |
Шкалаҳои муқарраргардида тибқи феҳристи тасдиқшуда2 |
1-ум – табиӣ ва техникӣ |
А1 – 125 бал, А2 – 125 бал, А3 – 125 бал, А4 – 125 бал |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
||
2-юм – иқтисод ва география |
А1 – 125 бал, А2 – 125 бал, А3 – 125 бал, А4 – 125 бал |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
||
5 |
5-ум – тиб, биология ва варзиш |
5-ум – тиб, биология ва варзиш |
Шкалаҳои муқарраргардида тибқи феҳристи тасдиқшуда2 |
А1 – 75 бал, А2 – 175 бал, В – 250 бал |
Шкалаҳои муқарраргардида тибқи феҳристи тасдиқшуда2 |
1-ум – табиӣ ва техникӣ |
А1 – 125 бал, А2 – 125 бал, А3 – 125 бал, А4 – 125 бал |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
||
2-юм – иқтисод ва география |
А1 – 125 бал, А2 – 125 бал, А3 – 125 бал, А4 – 125 бал |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
ЭЗОҲ:
1) довталаби қаблан кластери 2 ё 3 ё 4 ё 5-ро интихобкарда ихтисосҳоро аз кластери дигари дахлдор ба шарте интихоб карда метавонад, ки агар аз ҳамаи субтестҳои қисми А ба холҳои гузариш соҳиб шуда бошад;
2) тибқи феҳристи тасдиқшуда таносуби шумораи имконпазири бештарини балҳо барои субтестҳои қисми А вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳое, ки супоридани ҳар 4 субтести қисми мазкурро талаб мекунанд, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо гуногун буда метавонад. Масалан, (1) барои ихтисоси 1020301 – “Забон ва адабиёти тоҷик” низоми шкалабандӣ чунин аст: субтести “Забони тоҷикӣ” – 75 бал, субтести “Таърих” – 150 бал, субтести “Адабиёти тоҷик/ забон ва адабиёти рус/забон ва адабиёти ӯзбек” – 175 бал ва субтести “Забони хориҷӣ” – 100 бал; (2) барои ихтисоси 1240102 – “Ҳуқуқшиносӣ” низоми шкалабандӣ чунин аст: субтести “Забони тоҷикӣ” – 75 бал, субтести “Таърих” – 150 бал, субтести “Ҳуқуқ” – 175 бал ва субтести “Забони хориҷӣ” – 100 бал; (3) барои ихтисоси 1020401 – “Биология” низоми шкалабандӣ чунин аст: субтести “Забони тоҷикӣ” – 75 бал, субтести “Биология” – 175 бал, субтести “Химия” – 150 бал ва субтести “Физика” – 100 бал.
Тартиби интихоби ихтисосҳои супоридани субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро талабкунанда ва низоми балгузорӣ аз рӯйи субтестҳои ин қисм чунин аст:
Р/т |
Ҳуқуқ барои интихоби гурӯҳи ихтисосҳо вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳои аввалӣ |
Низоми шкалабандӣ |
||
гурӯҳи ихтисосҳои аввалӣ |
гурӯҳи ихтисосҳое, ки довталаб онҳоро метавонад интихоб кунад |
ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми Б-ро (3 субтест) талаб мекунанд1 |
ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд |
|
1 |
1-ум – табиӣ ва техникӣ |
1-ум – табиӣ ва техникӣ |
Б1 – 100 бал, Б2 – 100 бал, Б3 – 100 бал |
Б1 – 75 бал, Б2 – 125 бал, В – 250 бал |
2 |
2-юм – иқтисод ва география |
2-юм – иқтисод ва география |
Б1 – 100 бал, Б2 – 100 бал, Б3 – 100 бал |
– |
3 |
3-юм – филология, педагогика ва санъат |
3-юм – филология, педагогика ва санъат |
Б1 – 100 бал, Б2 – 100 бал, Б3 – 100 бал |
Б1 – 75 бал, Б2 – 125 бал, В – 250 бал |
4 |
4-ум – ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ |
4-ум – ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ |
Б1 – 100 бал, Б2 – 100 бал, Б3 – 100 бал |
Б1 – 75 бал, Б2 – 125 бал, В – 250 бал |
5 |
5-ум – тиб, биология ва варзиш |
5-ум – тиб, биология ва варзиш |
Шкалаҳои муқарраргардида тибқи феҳристи тасдиқшуда2 |
Б1 – 75 бал, Б2 – 125 бал, В – 250 бал |
1-ум – табиӣ ва техникӣ |
Б1 – 100 бал, Б2 – 100 бал, Б3 – 100 бал |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
||
2-юм – иқтисод ва география |
Б1 – 100 бал, Б2 – 100 бал, Б3 – 100 бал |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
||
3-юм – филология, педагогика ва санъат |
Б1 – 100 бал, Б2 – 100 бал, Б3 – 100 бал |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
||
4-ум – ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ |
Б1 – 100 бал, Б2 – 100 бал, Б3 – 100 бал |
Интихоби ин гуна ихтисосҳо иҷозат дода намешавад |
ЭЗОҲ:
1) довталаби қаблан кластери 5-ро интихобкарда ихтисосҳоро аз кластери дигар ба шарте интихоб карда метавонад, ки агар аз ҳамаи субтестҳои қисми А ба холҳои гузариш соҳиб шуда бошад;
2) тибқи феҳристи тасдиқшуда таносуби шумораи имконпазири бештарини балҳо барои субтестҳои қисми Б вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳое, ки супоридани ҳар 3 субтести қисми мазкурро талаб мекунанд, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо гуногун буда метавонад. Масалан, масалан, барои ихтисоси 2790106 – “Кори ҳамширагӣ” низоми шкалабандӣ чунин аст: субтести “Забони тоҷикӣ” – 75 бал, субтести “Биология” – 125 бал, субтести “Химия” – 100 бал.
Бо шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз “Феҳристи ихтисосҳо тибқи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳар субтести қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) барои ҳар ихтисос” ва “Феҳристи ихтисосҳо тибқи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳар субтести қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои ҳар ихтисос”, ки дар сомонаи Марказ (https://stat.ntc.tj/Y23/Subtests) ҷойгир карда шудааст, шинос шудан мумкин аст.
Хотиррасон менамоем, довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимот роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирокро дар тақсимоти такрорӣ надоранд.
Довталабро зарур аст, ки барои азнавбақайдгирӣ дар тақсимоти такрорӣ дар рӯз ва вақти муқарраршуда дар нуқтаи бақайдгирии дахлдор (дар ин бора паёмак (SMS) фиристода шудааст) ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад: 1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (барои хатмкунандагони синфи 9‑ум – маълумотнома бо сурат аз ҷойи истиқомат); 2) варақаи бақайдгирӣ (ё даъватнома); 3) рақами расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи иловагӣ. |
Маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ 30 (сӣ) сомонӣ муқаррар гардидааст. Тибқи тартиби муқарраршуда шахсони зерин аз пардохти ин маблағ озоданд:
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон ва ё падар ё модари танҳояшон вафот кардаанд;
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд;
- кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст ва ё падар ё модари танҳо доранд;
- кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд;
- шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад (мебошанд).
ТАВАҶҶУҲ! Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, дар сомонаи Марказ гузошта шудааст. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки аз рӯйхати мазкур комбинатсияҳои ихтисосҳоро пешакӣ интихоб намуда, баъдан ба нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд ва тибқи тартиботи муқарраршуда ба бартарии интихобҳо диққат диҳанд ва хато накунанд.
Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар заминаи онҳо барои азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ тибқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, дар зер оварда шудааст.
Мувофиқи тартиби мазкур тақсимоти такрории довталабон аз нав имтиҳон супоридани довталабонро талаб намекунад ва он аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои аз нав интихобкардаи довталабон дар асоси балҳои умумии аз қисмҳои дахлдор бадастовардаашон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси низоми иттилоотии “Довталаб” дар асоси озмун анҷом дода мешавад.
Дар тақсимоти такрорӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок карданро доранд:
- довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд;
- довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақсимот шудаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
ТАВАҶҶУҲ! Ташхиси тиббии довталабони дар тақсимоти асосӣ комёбшуда дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон (ғайридавлатӣ) муайян кард, ки баъзе аз довталабони ба ин муассисаҳои таълимӣ тақсимотшуда гирифтори бемориҳое ҳастанд, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб надоранд. Бинобар ин, довталабони мазкурро ин муассисаҳои таълимӣ қабул накарданд. Вобаста ба ин, ба довталабоне, ки ихтисосҳои тиббиро интихоб кардан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки бо “Номгӯйи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд” (https://ntc.tj/images/Downloads/nomgui_bemoriho2021.pdf) (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2018, № 475 тасдиқ шудааст), пешакӣ шинос шаванд. Хотиррасон мекунем, ки агар баъд аз тақсимоти такрорӣ низ муайян карда шавад, ки довталаби ба яке аз муассисаҳои таълимии тиббӣ тақсимотшуда гирифтори чунин беморӣ аст, муассисаи таълимӣ ин довталабро қабул намекунад. |
Маълумоти муфассалро дар бораи тартиби интихоби ихтисосҳо вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳои интихобкардаи аввалӣ ва балҳои аз субтесту қисмҳои дахлдор бадастовардаи довталаб, ки дар тақсимоти такрорӣ ба назар гирифта мешавад, инчунин шкалаҳое, ки барои шкалабандии холҳои ҳар субтести дахлдор бадастовардаи довталаб истифода мешавад, аз “Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2024” мутолиа кардан мумкин аст.
Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2024
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2024 (минбаъд – Тартиб) дар асоси Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, тартиби баргузории тақсимоти такрории довталабонро ба ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2024 холӣ мондаанд, муайян менамояд.
2. Тақсимоти такрории довталабон аз нав имтиҳон супоридани довталабонро талаб намекунад ва он аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои аз нав интихобкардаи довталабон дар асоси балҳои умумии аз субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), инчунин аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – барои ихтисосҳои дахлдор) ё қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ – барои ихтисосҳои дахлдор) бадастовардаашон, ки аз рӯйи холҳои бадастовардаи онҳо тибқи Тартиби мазкур ҳисоб карда мешавад, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Марказ) тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии “Довталаб” дар асоси озмун анҷом дода мешавад.
3. Дар тақсимоти такрорӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок карданро доранд:
- довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд;
- довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ ба ихтисосҳои самти тиб гузаштаанд, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
4. Барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ довталаб бояд тибқи тартиби муқарраргардида аз нав сабти ном кунад.
5. Довталабе, ки дар тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирок карданро дорад, дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб карда метавонад.
6. Тақсимоти такрории довталабон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои дар давраи азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар ин тақсимот интихобкардаашон дар доираи шумораи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён холӣ мондаанд, амалӣ мешавад.
2. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ
7. Довталаб барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирокаш дар тақсимоти такрорӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намояд:
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо);
- варақаи бақайдгирӣ (ё даъватнома);
- рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл” оид ба пардохти маблағи иловагӣ барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ.
3. ТАРТИБИ ИНТИХОБИ ИХТИСОСҲО ҲАНГОМИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ ТАНҲО ҚИСМИ А (ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ) Ё АЗ ҚИСМҲОИ А, В (ИМТИҲОНҲОИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТИ МАХСУС) ВА Г (ИМТИҲОНҲОИ ИЛОВАГИИ ТАХАССУСӢ) ЧАНДТОАШРО СУПОРИДААНД
8. Довталабе, ки:
- танҳо аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, ихтисосҳоеро метавонад интихоб намояд, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб менамоянд;
- танҳо аз ду субтести аввали қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, ихтисосҳоеро метавонад интихоб намояд, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб менамоянд;
- дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) низ холи гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб менамоянд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд;
- дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) низ холи гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ҳам ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб менамоянд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд.
9. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.
10. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), ки аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардидаанд, ҳуқуқ доранд, ки ихтисосҳоеро, ки супоридани ин қисмро талаб мекунанд, дар доираи ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо ё гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) интихоб кунанд.
11. Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) низ холи гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳои дахлдорро дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин чунин интихоб карда метавонад:
- аз гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш – 2-юм (иқтисод ва география) ихтисосҳоеро, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб мекунанд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд;
- аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) танҳо ихтисосҳоеро, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб мекунанд.
12. Довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш), ки танҳо аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардидаанд, ихтисосҳоеро, ки супоридани ин қисмро талаб менамоянд, дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин интихоб карда метавонанд:
- гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон – мувофиқан 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ), 5-ум (тиб, биология ва варзиш);
- гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ);
- гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география).
13. Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ё 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ), ё 5-ум (тиб, биология ва варзиш), дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) ва (ё) аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) низ холҳои гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳои дахлдорро дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин чунин интихоб карда метавонад:
- аз гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш – мувофиқан 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ), 5-ум (тиб, биология ва варзиш) ихтисосҳоеро, ки супоридани танҳо ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб мекунанд ва (ё) ихтисосҳоеро, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд ва (ё) ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Г‑ро талаб мекунанд;
- аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) танҳо ихтисосҳоеро, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб мекунанд;
- аз гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) танҳо ихтисосҳоеро, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб мекунанд.
14. Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ё 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ), ё 5-ум (тиб, биология ва варзиш) танҳо аз ду субтести аввали қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳоеро, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва В-ро талаб менамоянд, танҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш – мувофиқан 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ), 5-ум (тиб, биология ва варзиш) метавонад интихоб кунад.
15. Довталабе, ки аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш ду субтести аввали қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро супорида, ба тақсимот роҳ ёфтааст, ҳуқуқ дорад, ки дар сурати якхела будани шарту талаботи қисми В-и як ихтисос дар якчанд муассисаи таълимӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ чунин ихтисосро дар доираи самти дахлдор (санъат (тасвирӣ ё мусиқӣ), варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, динӣ) аз якчанд муассисаи таълимӣ интихоб намояд.
4. ТАРТИБИ ИНТИХОБИ ИХТИСОСҲО ҲАНГОМИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ ТАНҲО ҚИСМИ Б (ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ АСОСӢ) Ё ҚИСМҲОИ Б ВА В (ИМТИҲОНҲОИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТИ МАХСУС)-РО СУПОРИДААНД
16. Довталабе, ки:
- танҳо аз субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, ихтисосҳоеро метавонад интихоб намояд, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми Б-ро талаб менамоянд;
- дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) низ холи гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани танҳо қисми Б‑ро талаб менамоянд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои Б ва В‑ро талаб менамоянд.
17. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.
18. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.
19. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.
20. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.
21. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш), ки танҳо аз субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардидаанд, ихтисосҳоеро, ки супоридани танҳо қисми Б‑ро талаб менамоянд, дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (5‑ум ё ҳар гурӯҳи ихтисосҳои дигар) интихоб карда метавонанд.
22. Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш), дар баробари соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) низ холи гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳои дахлдорро дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин чунин интихоб карда метавонад:
- аз гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) ихтисосҳоеро, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми Б-ро талаб мекунанд ва (ё) ихтисосҳоеро, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд;
- дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои дигар – 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2‑юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ё 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) танҳо ихтисосҳоеро, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми Б-ро талаб мекунанд.
23. Довталабе, ки аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш ду субтести аввали қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро супорида, ба тақсимот роҳ ёфтааст, ҳуқуқ дорад, ки дар сурати якхела будани шарту талаботи қисми В-и як ихтисос дар якчанд муассисаи таълимӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ чунин ихтисосро дар доираи самти дахлдор (санъат (тасвирӣ ё мусиқӣ), варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, динӣ) аз якчанд муассисаи таълимӣ интихоб намояд.
5. ТАРТИБИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ
24. Вобаста аз навъ ва гурӯҳи ихтисосҳо тақсимоти такрории довталабоне, ки аз қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ), В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) як ё чандтоашро супорида, ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳо ва қисмҳои дахлдор соҳиб шудаанд, аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2‑юм (иқтисод ва география) барои ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми А-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтести қисми А, новобаста аз фанҳои таълимӣ, дар ин ҳолат шкалаи 125-балӣ истифода мешавад, яъне субтести 1-ум – 125 бал, субтести 2-юм – 125 бал, субтести 3-юм – 125 бал ва субтести 4-ум – 125 бал;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисми А, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5‑ум (тиб, биология ва варзиш) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми А-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтести қисми А дар ин ҳолат шкалаҳои мувофиқ, ки вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳои супоридани ҳар 4 субтести қисми мазкурро талабкунанда муқаррар гардидаанд, истифода мешаванд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми А ва аз қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ду субтести аввали қисми А дар ин ҳолат мувофиқан шкалаҳои 75 ва 175-балӣ (яъне, субтести 1-ум – 75 бал ва субтести 2-юм – 175 бал) ва барои шкалабандии холҳои қисми В шкалаи 250-балӣ истифода мешаванд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтести қисми А дар ин ҳолат шкалаҳои мувофиқ, ки вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳои супоридани ҳар 4 субтести қисми мазкурро талабкунанда муқаррар гардидаанд ва барои шкалабандии холҳои қисми Г шкалаи 500-балӣ истифода мешаванд.
25. Вобаста аз намуд ва гурӯҳи ихтисосҳо тақсимоти такрории довталабоне, ки аз қисмҳои Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) як ё ҳар дуро супорида, ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои қисми Б ва аз қисми В соҳиб шудаанд, аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз субтетҳои қисми Б ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) барои ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои қисми Б-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтести қисми Б, новобаста аз фанҳои таълимӣ, дар ин ҳолат шкалаи 100-балӣ истифода мешавад, яъне субтести 1-ум – 100 бал, субтести 2-юм – 100 бал ва субтести 3-юм – 100 бал;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисми Б, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5‑ум (тиб, биология ва варзиш) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми Б-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтести қисми Б дар ин ҳолат шкалаҳои мувофиқ, ки вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳои супоридани ҳар 3 субтести қисми мазкурро талабкунанда муқаррар гардидаанд, истифода мешаванд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми Б ва аз қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд. Барои шкалабандии холҳои ду субтести аввали қисми Б дар ин ҳолат мувофиқан шкалаҳои 75 ва 175-балӣ (яъне, субтести 1-ум – 75 бал ва субтести 2-юм – 175 бал) ва барои шкалабандии холҳои қисми В шкалаи 250-балӣ истифода мешаванд.
26. Тақсимоти такрории довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон мураттабшуда, ки барномаи компютерӣ барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур тартиб медиҳад, анҷом дода мешавад.
27. Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимоти такрорӣ дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш комёб шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои минбаъдаи интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.
28. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб мешавад, ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб намешавад.
29. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ, новобаста аз он ки бали умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) минбаъдаи интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯро аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) минбаъдаи интихобкардааш барномаи компютерӣ баррасӣ намекунад.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
30. Натиҷаи аз қисми В бадастовардаи довталаб дар озмуни тақсимот танҳо барои ихтисосҳое ба назар гирифта мешавад, ки супоридани ин имтиҳонҳоро талаб мекунанд. Агар довталаби ихтисосҳои қисми В-доштаро интихобкарда қисми А‑ро пурра супорида бошад, барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми В‑ро талаб мекунанд, натиҷаҳои бадастовардаи довталаб аз қисми В ва танҳо аз ду субтести аввали қисми А ба назар гирифта мешавад. Барои чунин ихтисосҳо натиҷаҳои аз ду субтести охири қисми А бадастовардаи довталаб ба назар гирифта намешавад. Инчунин, агар довталаби ихтисосҳои қисми В-доштаро интихобкарда қисми Б-ро пурра супорида бошад, барои ин гуна ихтисосҳо натиҷаҳои бадастовардааш аз қисми В ва танҳо аз ду субтести аввали қисми Б ба назар гирифта мешавад. Барои чунин ихтисосҳо натиҷаи аз субтести охири қисми Б бадастовардаи довталаб ба назар гирифта намешавад.
31. Агар довталаб ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихоб карда бошад, натиҷаи бадастовардааш аз қисми Г.1 барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва баръакс, холҳои бадастовардаи ӯ аз қисми Г.2 барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба назар гирифта намешавад. Инчунин, натиҷаи аз қисми Г.1 ва ё қисми Г.2 бадастовардаи довталаб барои ихтисосҳое, ки супоридани ин қисмро талаб намекунанд, ба ҳисоб гирифта намешавад.