Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ИМД 2026

Нашр шуд: 26 Феврали 2026
Диданд: 3750

Душанбе, 26-уми феврали соли 2026

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои довталабон дар имтиҳонҳои мазкур муқаррар карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки маблағҳои барои хизматрасонӣ аз довталабон ҷамъоваришуда бо мақсади пӯшонидани хароҷоти ташкилу баргузории ИМД истифода мешавад, ки аз ҷумлаи фаъолиятҳои асосии он метавон инҳоро номбар кард:

- пардохти музди меҳнати кормандони ҳайати асосӣ ва хизматрасони Марказ (82 воҳиди кории ҳайати асосӣ ва 44,5 воҳиди кории ҳайати хизматрасон);

- пардохти музди меҳнати кормандони муваққатӣ (ҳамасола 3 500-4 000 нафар), ки барои ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногуни ИМД – корҳои иттилоърасонӣ, 4 давраи бақайдгирӣ, 4 даври имтиҳонҳо, семинарҳои омӯзишӣ, коркарди натиҷаҳо ва ғайра ба кор ҷалб карда мешаванд;

- сафарҳои хизматии кормандони доимӣ ва муваққатии Марказ барои анҷом додани корҳои иттилоърасонӣ ва ташкилу баргузории ИМД;

- чопи маводди иттилоотиву методӣ “Роҳнамои довталаб” ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (дар соли 2026-ум – 30 500 нусха), маҷмуаҳои саволу масъалаҳои ҳар яке аз субтестҳои қисми А (дар соли 2026-ум – 227 240 нусха) ва маҷмуаи саволу масъалаҳо аз субтестҳои биология ва химияи қисми Б  (дар соли 2026-ум – 66 150 нусха) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, барнома ва модули курси шиносоӣ бо низоми ИМД (ҳамасола беш аз 3 500 нусха) ва диск бо маводди иттилоотию методӣ (ҳамасола беш аз 3 500 дона), ки ройгон дастраси муассисаҳои таълимии дахлдор карда мешавад;

- чопи “Ёддошт барои довталаб” (дар соли 2026-ум танҳо барои даврҳои 1-ум ва 2-юми ИМД – 114 100 нусха) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ, ки ба ҳар довталаб пас аз номнавис шуданаш ройгон дода мешавад. Феҳристҳою (ҳамасола ҳудуди 4 400–4 600 нусха) маводди дигари дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ истифодашаванда (ҳамасола ҳудуди 90 000–98 000 нусха);

- аз ҳисоби маблағҳои махсуси Марказ мусоидат кардан дар таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии дар заминаашон нуқтаҳои бақайдгирӣ ва (ё) марказҳои имтиҳонӣ ташкилшаванда (харидорӣ ва насби камераҳои назорати видеоӣ, наворсабткунандаҳо, мониторҳо, мизу курсӣ ва ғайра, ки бевосита барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати ташкилу баргузории ИМД аст);

- чопи маводди имтиҳонӣ (дар соли 2025-ум китобчаҳои тест –  беш аз 146 000 нусха ва варақаҳои ҷавобҳо – 135 700 нусха);

- интиқоли маводди имтиҳонӣ ба марказҳои имтиҳонӣ ва бозпас гардонидани онҳо;

- таъмини оби нӯшокӣ ва маводди доруворӣ дар марказҳои имтиҳонӣ;

- корҳои иттилоърасонӣ барои довталабон, хидматрасониҳо тавассути паёмакҳои телефонӣ, омода ва нашри роликҳои иттилоотию таблиғотӣ.

 

 Маблағе, ки довталаб барои хизматрасонӣ ҷиҳати иштирок дар ИМД 2026 пеш аз бақайдгирӣмесупорад.

№

р/т

Гурӯҳи довталабон

Маблағ

шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ

шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум)

1

Шахсони беимтиёз

370,00

320,00

2

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модарашон дар қайди ҳаёт ва солим мебошанд

185,00

160,00

3

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад

185,00

160,00

4

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст

185,00

160,00

5

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳо* доранд

185,00

160,00

6

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд

-**

-**

7

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* вафот кардааст

-**

-**

8

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд

-**

-**

9

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст

-**

-**

10

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо* доранд

-**

-**

11

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд

-**

-**

12

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои* маъюби гурӯҳи I ё II доранд

-**

-**

13

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд

-**

-**

14

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* маъюби гурӯҳи I ё II мебошад

-**

-**

 

2. Маблағе, ки довталаб барои хизматрасонӣ ҷиҳати азнавбақайдгирӣдар ИМД 2026 месупорад.

 

№

р/т

Гурӯҳи довталабон

Маблағ

шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ

шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум)

1

Шахсони беимтиёз

30,00

30,00

2

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд

-**

-**

3

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* вафот кардааст

-**

-**

4

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд

-**

-**

5

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст

-**

-**

6

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо* доранд

-**

-**

7

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд

-**

-**

8

“Кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои* маъюби гурӯҳи I ё II доранд

-**

-**

9

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд

-**

-**

10

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* маъюби гурӯҳи I ё II мебошад

-**

-**

Эзоҳ:

* падар ё модари танҳо шахсест, ки бинобар маҳдуд ё маҳрум карда шудани падар ё модар аз ҳуқуқи падарӣ ё модарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падар ё модар, ғайри қобили амал дониста шудани падар ё модар, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падар ё модар, муқаррар карда нашудани падарӣ танҳо мондааст;

** ин гурӯҳи довталабон аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД 2026 озоданд.

Таваҷҷуҳ! Агар вобаста ба мансуб будани довталаб ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа ҷой дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала довталаб бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ба Марказ муроҷиат кунад.

Шахсоне, ки аз пардохти маблағи хизматрасонӣ ё қисме аз маблағи мазкур озоданд, ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Хотиррасон мекунем, ки довталаб бояд маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл”, инчунин тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата”, ё тавассути барномаи мобилии “Эсхата онлайн” пардохта, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.

Ҳангоми пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути барномаи “Амонат мобайл” воридшавӣ ба равзанаи пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД аз қадамҳо – интихоби бандҳои зерин иборат аст:

1) агар забони робит (интерфейс)-и барнома тоҷикӣ бошад:

“Корт” ё “Ҳамёни электронӣ” ► “Пардохт кардан” ► “Пардохти хизматрасониҳо” ► “Таҳсил” ► “Маркази миллии тестӣ”;

2) агар забони робит (интерфейс)-и барнома русӣ бошад:

 “Карта” ё “Электронный кошелёк” ► “Оплатить” ► “Оплата услуг” ► “Образование” ► “Маркази миллии тестӣ”.

Равзанаи пайдошуда (“Маркази миллии тестӣ”) аз 3 майдон – (1) “Ному насаби довталаб” (“ФИО абитуриента”), (2) “Рақами телефон” (“Номер телефона”) ва (3) “Маблағ” (“Сумма”), ки дар ҳар яке аз онҳо бояд маълумоти дахлдор ворид карда шавад, инчунин 1 тугма – “Пардохт кардан” (“Оплатить”) иборат аст.

Дар майдони 1-ум насаб, ном ва номи падари довталаб тибқи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ пурра ворид карда мешавад. Агар маблағи хизматрасониро ба ҷойи довталаб шахси дигар (масалан, нафаре аз хешовандони ӯ) пардохт кунад, ин шахс дар майдони зикргардида бояд насаб, ном ва номи падари довталабро ворид кунад.

Дар майдони 2-юм рақами телефоне, ки дар зарурат барои тамос бо довталаб ва ё ҳамчун як ҷузъи маълумоти ташхисдиҳандаи пардохти довталаб барои бақайдгирӣ истифода мегардад, ворид карда мешавад.

Дар майдони 3-юм андозаи маблағи пардохтшаванда ворид карда мешавад. Лозим ба зикр аст, ки баъд аз ворид кардани насаб, ном ва номи падари довталаб дар майдони “Ному насаби довталаб” зери ин майдон матни роҳнамо дар бораи андозаи маблағ – “Маблағ барои синфи 11 – 370 с. (имтиёздорон: 185с.), синфи 9 – 320 с. (имтиёздорон: 160 с.), азнавбақайдгирӣ – 30 с.” (“Плата для 11 класса – 370 с. (льготники: 185 с.), 9 класса – 320 с. (льготники: 160 с.), перерегистрации – 30 с.”), ки ранги пасзамина (фон)-и он хокистарӣ аст, намоиш дода мешавад.

Таваҷҷуҳ! Ворид кардани маълумот дар ҳар се майдони зикргардида ҳатмӣ аст. Ҳангоми ворид кардани андозаи маблағ бодиққат будан лозим аст ва он бояд бо дарназардошти зинаи таҳсилоти довталаб, инчунин мансубияти довталаб ба гурӯҳи довталабони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта (агар довталаб чунин имтиёзро дошта бошад) ворид карда шавад. Агар довталаб дар бораи мансуб буданаш ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ба Марказ муроҷиат кунад.

Пас аз ворид кардани маълумоти зарурӣ дар ҳар яке аз майдонҳои дахлдор бори дигар дурустии онро санҷида, баъдан тугмаи “Пардохт кардан” (“Оплатить”)-ро пахш кардан лозим аст.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Озмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣОзмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ
  • Озмун барои интихоби маъмури имтиҳон ва ёвари маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣОзмун барои интихоби маъмури имтиҳон ва ёвари маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон