Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Нашр шуд: 24 Феврали 2024
Диданд: 18777

Душанбе, 23-юми феврали соли 2024

23-юми феврали соли 2024 дар дафтари ососии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади сазовор таҷлил намудани 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дафтари асосии Марказ ва кормандони бахшҳои минтақавӣ (ба таври онлайн) маҷлиси идона доир шуд.

Ҷаласаро Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Марказ, оғоз намуда, кормандонро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош кард.

Директори Марказ, аз ҷумла зикр намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар вазъияти ниҳоят мураккаби мамлакат таъсис ёфта, дар муддати 31 сол он аз лиҳози тактикию техникӣ ба артиши пурқувват ва мукаммал табдил шуд.

– Агар мо ба таърихи сипаригардидаи меҳан назар намоем, пеш аз ҳама дар таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бузургу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Роҳбари давлат ҳанӯз аз замони таъйинашон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ барои оромиву осудагии кишвар дар фикри таъсиси Артиши миллӣ буданд. Ин буд, ки 18 уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид ва 23-юми феврали соли 1993 аввалин гашти ҳарбӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Баъди аввалин гашти низомӣ ин ҷашни пурифтихор мақоми расмӣ гирифт,-дар идомаи суханронӣ зикр дошт, Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Марказ.

Ҳамчунин дар баромади худ директори Марказ гуфт, ки ҳоло ҳазорҳо ҷавони бонангу номуси Тоҷикистон ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастаанд, ки бо бедорхобӣ ва ҷасорату ҷавонмардияшон дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон нақши муҳим доранд.

Дар идомаи чорабинӣ вобаста ба нақши сарбозону афсарон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва якпорчагии ин меҳани аҷдодӣ, инчунин 31-солагии таъсиси Артиши миллӣ маъруза ироа шуд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон