Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

АНҶОМИ МАРҲАЛАИ АСОСИИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2018

Нашр шуд: 01 Майи 2018
Диданд: 973

Душанбе, 1-уми майи соли 2018

30-юми апрели соли 2018 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2018 анҷом ёфт. Инчунин, дар ин рӯз марҳалаи асосии азнавбақайдгирии довталабони худро қаблан номнавискарда ба охир расид. Хотиррасон мекунем, ки соли ҷорӣ ба воситаи низоми ИМД қабули донишҷӯён ба 34 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо фарогирии 36 гурӯҳи мақсаднок ва 1 шуъба) ба роҳ монда мешавад. Мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён дар соли ҷорӣ 67844 ҷой ҷудо гардидааст, ки аз он 46957 ҷой барои донишгоҳу донишкадаҳо ва 20887 ҷой барои коллеҷҳо аст.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) барои иштирок дар ИМД сабти ном карда натавонистаанд, марҳалаи иловагии бақайдгирӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин, мувофиқи тартиби мазкур, азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) номнавис шудаанд, дар ду марҳала – асосӣ ва иловагӣ гузаронида мешавад. Бинобар ин, тибқи нақша аз 12-ум то 30-юми июн марҳалаи иловагии бақайдгирии шахсоне, ки дар давраи аз 1-уми март то 30-юми апрел худро номнавис карда натавонистаанд, сурат мегирад. Инчунин аз 12-ум то 20-уми июн марҳалаи иловагии азнавбақайдгирии довталабоне, ки аз 1-уми март то 30-юми апрел номнавис шудаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалияи худро доранд, ба роҳ монда мешавад. Марҳалаҳои иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ танҳо дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ довталаб маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД бояд пурра, яъне 250 сомонӣ пардохт кунад. Аз ин лиҳоз, ба шахсоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ худро номнавис кардан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба нуқтаҳои бақайдгирии дахлдор дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Эълон дар сомонаи Марказ бо маълумоти муфассал дар бораи марҳалаҳои иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ дар аввали моҳи июн ҷой дода хоҳад шуд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон