Душанбе, 11-уми майи соли 2022
Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон
Коррупсия, фасодкорӣ зуҳуротест, ки барои ҳар давлат ва ҷомеа хатар ва пайомадҳои басо харобиовар дорад. Ҳар давлате, ки дар он коррупсия реша медавонад, роҳи пешрафту тараққиёт барояш баста мегардад. Имрӯз он мамлакатҳоеро рушдёфта мебинем, ки дар онҳо коррупсия ва аъмоли ба он шабеҳ падидор набошад. Ин зуҳуроти барои ҷомеаи башарӣ хатарзо собиқаи зиёд дорад ва ҳанӯз аз даврони бостон дар ҷамъиятҳои мухталиф ва замону маконҳои гуногун ба ҳар тавре падидор гашта, боиси фасоди ахлоқи ҷомеа ва садди рушду нумуи давлатҳо мешуд. Ин аст, ки давлатмардону сиёсатмадорон ва институтҳои ҷомеашиносию давлатсозӣ дар ҳар даврае омилҳои рух доданашро омӯхта, усулу воситаҳои пешгирӣ аз онро меҷустанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳанӯз аз нахустин солҳои истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарӣ ва сиёсати дурбинонаи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сохтани ҷомеаи барӣ аз фасод ва пешгирӣ аз коррупсия, ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин бахш тадбирҳои самаровар андешида, ҳамаи роҳу василаҳо ба кор бурда мешаванд ва мубориза бо коррупсия дар сиёсати давлатдории роҳбарияти мамлакат самти афзалиятнок маҳсуб мегардад.
21-уми июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» қабул гардида буд, ки ин яке аз аввалин иқдомҳо дар самти муайян кардани стратегияи асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ба ҳисоб мерафт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин мамлакатҳои ҷаҳон буд, ки соли 2003 ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд дохил гардида, минбаъд дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳо дар самти мубориза бо коррупсия ва такмили қонунгузорӣ дар ин самт корҳои назаррасеро роҳандозӣ кард.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 2.01.2020, № 1663), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” (аз 7-уми августи соли 2020, № 1714), “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Замимаи 1 ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, № 222) ва ғайра аз ҷумлаи асноде ҳастанд, ки бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ баҳри пешгирӣ аз коррупсия ва ошкору решакан кардани ҳар гуна фасодкорию аъмоли коррупсионӣ қабул шудаанд.
Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул карда шуд, ки ҳадафаш ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ва санадҳои меъёрии ҳуқуқию лоиҳаи онҳо ва мусоидат барои ошкор ва аз байн бурдани омилҳои фасодкорию коррупсионӣ буд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки ҳадаф аз таъсисаш низ пешгирии куллӣ аз ҳама гуна анвои коррупсия дар тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ буд, дар роҳи амалӣ кардани рисолаташ аз соли 2007 ин ҷониб муваффақона фаъолият мекунад.
Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Марказ) ва фаъолияти он дар роҳандозии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ИМД) дар соҳаи маорифи мамлакат навгонии барои тамоми ҷомеа хушҳолкунанда ва як пешрафти калон буд. Аҳаммияти амалии таъсис ва фаъолияти ин ниҳод беш аз ҳама дар ин буд, ки тамоми омилҳои коррупсионӣ ва фасодро дар бахши қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар аз байн бурд.
Марказ дорои аудиторияи калони фарогири қишрҳои гуногуни ҷомеа аст. Он вобаста ба роҳандозии ИМД бо ҷомеа робитаи зич дошта, бо истифода аз чунин имкониятҳояш барои иҷрои стратегияву барномаҳои гуногун, ки ҳадафашон татбиқи сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, мекӯшад.
Марказ, чунончи, бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), ки ба Нақшаи чорабиниҳои Барномаи идоравии зиддикоррупсионии муассиса ворид карда шудаанд, имсол низ, чун солҳои қаблӣ, як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадаф робитаи қавию ногусастанӣ бо ҷомеа муҳим аст, ки Марказ чунин имконотро дорост. Кормандони Марказ дар ҳама мулоқоту вохӯриҳо бо довталабону алоқамандони дигари ИМД, семинарҳо, курсҳои омӯзишӣ, таълифи мақолаҳо ва амсоли ин низ, аз ҷумла бо овардани иқтибосу нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳояшон, инчунин бо такя ба асноду ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар татбиқи тарғибу таблиғи ин Стратегия саҳмгузорӣ мекунанд.
Ҳадафмандию самарабахшии фаъолияти Марказ вобаста ба ин, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки ҳамасола дар байни довталабон – хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар алоқамандони низоми имтиҳонҳои номбурда корҳои иттилоърасонӣ ва таблиғотиро дар шаклҳои гуногун ташкил ва баргузор менамояд: нашр ва паҳн кардани шаклҳои чопӣ ва электронии дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", гузаронидани курсҳо ва семинар-машваратҳои омӯзишӣ барои таблиғгарони низоми ИМД, ташкил кардани вохӯриҳо бо доираи васеи довталабон ва дигар алоқамандони низоми ИМД, омода кардани барномаҳои махсуси телевизионӣ, видео-роликҳои омӯзишӣ ва ғайра. Марказ бо шабакаҳои ҷумҳуриявии телевизионию радиоӣ ҳамкориҳои доимиро ба роҳ монда аз тариқу воситаҳои мусоҳиба, хабарҳо, таблиғот, роликҳои омӯзишӣ ва амсоли ин ҳадафҳои иттилоотияшро хеле самаровар амалӣ месозад. Муассиса бо корбурди ин имконоту шароит ва аудиторияи беш аз садҳазорнафарааш довталабон ва алоқамандони дигари ИМД-ро ба мулоҳизакорию ҳушёрӣ даъват карда, онҳоро барои гирифтор нашуданашон ба доми қаллобон, бахусус онҳое, ки барои дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваъдаҳои мардумфиребонаю беасос дода, ба амалҳои коррупсиониву фасодкорӣ даст мезананд, пайваста ҳушдор медиҳад.
Марказ бо мақсади пешгирӣ аз ин падидаи номатлуби ҷомеа, яъне фасодкорию коррупсия ҳар сол ба довталабон ва алоқамандони дигари ИМД дар оғози марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои номбурда муроҷиатномаи махсус нашр мекунад. Муроҷиати Марказ, пеш аз ҳама, бо мақсади огаҳ кардани мардум дар масъалаҳои ИМД барои фирефтаи ашхоси қаллоб нашуданашон ва пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуби марбут ба ин имтиҳонҳо, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, таъкиди довталабон барои дуруст амал кардан дар марҳалаи номнависӣ ва имтиҳоноти мавриди назар аст.
Дар чунин муроҷиатнома, аз ҷумла, қайд карда мешавад, ки Марказ шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор дода, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД кафолат медиҳад. Вобаста ба ин, Марказ дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабонро воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар ИМД роҳ намедиҳад ва барои пешгирӣ аз инщо дар раванди ИМД бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда шахсони қаллобе ҳастанд, ки баъзе аз довталабон ва падару модаронро фиреб дода, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд. Аз ин рӯ, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби баъзе шахсон дар бобати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст.
Аммо, чунонки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори нуҳсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ҳаргиз таъсире расонида наметавонад.
Вобаста ба ин, барои пешгирӣ аз амалҳои қаллобӣ ва рафторҳои коррупсионию фасодкорӣ дар раванди ИМД ва интишори фикру андешаи ғалат нисбат ба фаъолияти Марказ дар байни ҷомеа аз алоқамандони низоми ИМД зимни корҳои таблиғотии ниҳод хоҳиш карда мешавад, ки нисбат ба ин масъала бетараф набошанд. Дар чунин муроҷиатнома ва умуман, дар ҳамаи вохӯриҳо, курсу семинарҳо бо довталабону падару модари онҳо, омӯзгорон, кормандони соҳаҳои маориф таъкид карда мешавад, ки ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок довталабон ва ё ҳар каси дигареро бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё, барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил кардан ёрӣ расонда метавонанд, ҳатто, агар онҳо воқеан корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунанд, зеро он фиреби маҳз асту бас!
Аз ҷониби Марказ ба такрор таъкид карда мегардад, ки агар довталаб ё шахси дигаре бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гардад, касе агар аз нафаре дар мардумфиребию қаллобӣ гумонбар шавад, бояд ҳатман ва оҷилан ба Марказ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат карда шавад, зеро Марказ омода аст, ки оид ба ҳар масъалаю номафҳумие вобаста ба чунин ҳолатҳо муроҷиати шаҳрвандонро бишунавад ва барои ҳалли он ё равшанӣ андохтан дар он тамоми чораҳои заруриро биандешад.
Бо мақсади тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия ва пешгирӣ аз омилҳои фасодкорӣ дар давру марҳилаҳои ИМД Марказ ба ҷуз аз ҷаласаю вохӯриҳои мустақим, бо нашри матолиби гуногуншаклу гуногунмазмун аз воситаҳои ахбори омма васеъ истифода мебарад. Суҳбату суханрониҳои мустақиму ғайримустақим тавассути шабакаҳои ҷумҳуриявии радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи онҳост. Дар доираи чунин иттилоърасониҳо марбут ба мавзуъҳои мухталифи ИМД зимнан ҳамеша таъкид карда мешавад, ки на ба ҳар гуна ваъдаҳои дурӯғ, балки танҳо ба донишу маҳорати худ такя кардани довталабон, фирефтаи қаллобон нашудан, ба зуҳури омилҳои коррупсионӣ мусоидат накардани алоқамандони ИМД ногузир аст. Дар ин самт, бахусус истифодаи сомонаи расмии Марказ ба мақсад мувофиқ аст. Бояд қайд кард, ки он аз моҳи апрели соли 2013 бо нишонии www.ntc.tj фаъол карда шудааст ва дар он эълону хабар ва ҳама гуна матолиби марбут ба ИМД ва фаъолияти Марказ пайваста ҷой мешавад. Корбурди муназзам ва донистани маводди дахлдору зарурии сомона аз ҷониби алоқамандон ва амал кардан аз рӯи онҳо худ як шарту омили пешгирӣ аз фирефта шудани довталабон ба доми қаллобон ва ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсионист.
Барои дастрасии бештари иттилоот ба довталабону ва умуман, ҷомеа дар назди сомонаи Марказ саҳифаҳои иҷтимоӣ, ки доираи корбаронашон зиёд аст, боз карда шудааст. Facebook, YouTube, Instagram, TikTok, Telegram, ВКонтакте, Одноклассники, Twitter аз қабили онҳост. Боз намудани саҳифаҳои расмӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, аз хабару маълумотҳои бардурӯғе, ки дар саҳифаҳои ғайрирасмӣ (фейк) аз номи Марказ интишор шуданаш мумкин аст, ҷилавгирӣ менамояд.
Шоистаи таъкиди хос аст, азбаски мухотабони Марказ асосан наврасону ҷавононанд, аҳаммияти корҳои иттилоотию таблиғотии ин ниҳод аҳаммияти дучандон касб мекунад. Зеро маълум аст, ки ин қишри ҷомеа нисбат ба дигар ақшор аз лиҳози равонию мафкуравӣ осебпазиранд ва эҳтимоли зуд дар зери таъсири идеологияву мафкураҳои ғайриматлубу зиддидавлатӣ афтидану ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбу ҷамъиятҳои иртиҷоию ифротӣ гаравиданашон зиёд аст.
Дигар, азбаски Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳодест, ки дар байни ҷомеа соҳиби бовару эътиқоди хос аст ва ҳам мавриди эътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, бинобар ин иттилоърасониҳои Марказ барои аҳли ҷамъият муассиру муътамад буда, хуш пазируфта хоҳад шуд. Бинобар ин омилҳо ва бо зери даст доштани чунин василаҳо Марказ дар умури иттилоотию тарғиботиаш зимнан вобаста ба идеологияи давлатӣ ва сиёсати Президенти Ҷумҳурӣ дар доираи нақша-чорабиниҳо ва ҳам берун аз он мусмар фаъолият мекунад. Чунончи, ҳамеша дар ҷаласаю вохӯрию семинарҳо бо довталабон ва алоқамандони дигари ИМД, дар баробари огаҳӣ додан ба онҳо аз ин, ки дар вазъи бисёр пуртазодди иттилоотии муосир ҳар як шахс, бахусус наврасону ҷавононро ҳушёрию зиракии сиёсӣ мебояд, эҳтиёткорӣ аз гароиш ба ҳизбу гурӯҳҳои экстремистию террористӣ зарур аст, ба масъалаи эҳтиёту канорагирӣ аз афтидан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, гирифтор нашудан ба фиреби қаллобон, муоидат ва шарикӣ кардан барои ифшо ва пешгирӣ аз амалҳои фасодкорию ришвахорӣ пайваста таъкидҳо карда мешавад.
Бояд қайд кард, азбаски шаффофияту адолат аз принсипҳои асосии кори Марказ ва роҳ надодан ба тақаллубкорӣ дар ҳама самтҳои фаъолият, бахусус дар тамоми давру марҳила ва қадамҳои ИМД шарту талаботи муҳимтарин ба ҳисоб меравад, роҳбарият ва ҳамаи кормандони ниҳод ин масъала, яъне пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ ва оқибатандешию дурбиниро марбут ба он мудом дар мадди назар дошта, зимни ҳар лаҳзаю мавриди созгор бозгӯию таъкид мекунанд.
Хулоса, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи принсипҳои адолату шаффофият дар фаъолияташ, таъмини дастрасии баробари шаҳрвандон ба таҳсилоти миёнаю олии касбӣ тавонист, ки дар татбиқу амалисозии ҳадафу стратегияҳои давлатӣ вобаста ба муқобилат ба коррупсия ва пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои фасодкорӣ саҳми арзанда гузорад. Марказ дар оянда низ фаъолияташро вобаста ба ин ҷоннок карда, бахусус барои иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” ҳадафмандона амал хоҳад кард.
Ҷаъфарзода Ф. С., директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон