Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ҶАМЪБАСТИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11

Нашр шуд: 18 Апрели 2022
Диданд: 3135

18-уми апрели соли 2022

18-уми апрели соли 2022 дар “Кохи Суруш” шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз 14-уми то 18-уми апрели соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми апрели соли 2022, № 452 даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, ҳуқуқ, таърих, забони русӣ, забони англисӣ, забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус ва инчунин, дар Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ  барои синфҳои 11 дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта буд.

Дар олимпиадаҳои мазкур 778 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 428 хонанда ва аз мактабҳои навъи нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 350 хонанда  иштирок намуданд. Аз 778 иштирокдори олимпиадаҳои фаннӣ 296 хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (45 медали тилло, 86 медали нуқра, 165 медали биринҷӣ) гардиданд.

Дар олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз  фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ хонандагони шаҳри Душанбе бо 116 ҷойи ифтихорӣ (23 ҷойи якум, 26 ҷойи дуюм, 67 ҷойи сеюм) сазовори мақоми якум, вилояти Суғд бо 75 ҷойи ифтихорӣ (8 ҷойи якум, 23 ҷойи дуюм, 44 ҷойи сеюм) сазовори мақоми дуюм, вилояти Хатлон 67 ҷойи ифтихорӣ (9 ҷойи якум, 26 ҷойи дуюм, 32 ҷойи сеюм) сазовори мақоми сеюм гардида, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм, 14 ҷойи сеюм) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 16 ҷойи ифтихорӣ  (2 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 8 ҷойи сеюм)-ро соҳиб гардиданд.

Мавриди ёдоварист, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми апрел соли 2022 даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанниро барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор карда буд. 536 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои навъи муқаррарӣ 296 хонанда ва аз мактабҳои навъи нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 240 хонанда иштирок намуданд.

Дар маҷмуъ дар олимпиадаҳо аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ барои синфҳои 11 дар соли 2022 1311 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 719 (54,8%) хонанда ва 592 (45,1%) хонанда аз мактабҳои навъи нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо) иштирок намуданд. Аз 1311 иштирокдори олимпиадаҳои фаннӣ 488 (37,2%) хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ 73 (14,9%) медали тилло, 138 (28,2%) - медали нуқра, 277 (56,8%) медали биринҷӣ гардиданд.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб меоянд, дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (дар сурати мувофиқати фанни олимпиада ба ихтисосҳои интихобкардааш) имтиёз дода мешавад. Барои ғолибони ҷойи якум 100 бал, барои ғолибони ҷойи дуюм 75 бал ва барои ғолибони ҷойи сеюм 50 бали бонусӣ муқаррар гардидааст, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба балҳои бадастовардаашон илова мегардад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон