Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 04 Ноябри 2022
Диданд: 1404

Душанбе, 4-уми ноябри соли 2022

         4-уми ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Марказ муҳтарам Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, муовини якуми директор, воҳидҳои сохторӣ ва дигар кормандони Марказ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

   

Ҷаласа бо суханронии директори Марказ муҳтарам Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ оғоз гардид. Ҷаъфарзода С.Ф. қайд намуд, ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ танзими ҳуқуқии худро ёфта, барои таҳия ва қабули қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии дигари давлати соҳибихтиёр заминаи воқеӣ гузошта шуд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар муддати хеле кӯтоҳ дар соҳаҳои гуногуни кишвар халқ ва давлат ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба мероси фарҳангӣ ва маънавии миллат ба кишваре табдил ёфт, ки дар он ҳувияти миллӣ боло рафт ва мардуми шарафманди он аз захираи маънавии хеш баҳра гирифта, давлати худро побарҷо ва устувортар гардонид.

Дар идома маърузаи Зарифов Н.Ҳ. – сармутахассиси фанни таърихи Марказ дар мавзуи “Конститутсия ва нақши он дар таҳкими истиқлоли давлатӣ" ироа гардид. Номбурда таъкид намуд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити мураккаби сиёсӣ қабул гардид, аҳаммияти муттаҳидсозиро иҷро кард. Маҳз қувваҳои солимандеши кишвар бо такя ба Конститутсия сулҳи тоҷиконро эҷод намуданд. Аҳаммияти дигари Конститутсия дар он буд, ки он истиқлолияти кишварро аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровард.

Ҳамзамон маърузаи Салоҳиддинова С. – сармутахассиси фанҳои ҳуқуқи инсон ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ шунида шуд. Номбурда қайд кард, ки тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, ҳамчун давлати иҷтимоӣ, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Инчунин, инсон, ҳуқуқ, ҳаёт, қадр, номус ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, дахлнопазир эълон карда шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа чанде аз кормандони Марказ низ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон