Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ БО КОРШИНОСОНИ PIRLS

Нашр шуд: 14 Сентябри 2024
Диданд: 1008

Душанбе, 14-уми сентябри соли 2024

12-уми сентябри соли 2024 ҷаласаи онлайнии намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Маркази миллии тестӣ бо коршиносони PIRLS (Progress in International Reading Literacy Study – Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан), ки Анҷумани байналмилалии арзёбии пешрафти таҳсилӣ (International Association for the Evaluation of Educational Achievement – IEA), Коллеҷи Бостон (Boston College), Парки мусалласи таҳқиқотӣ дар Каролинаи шимолӣ (Research Triangle Park)-ро намояндагӣ мекунанд, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Д. Ғ., директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода С. Ф., муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ Шодиниё А. Ш, инчунин намояндагони дигари ин ду ниҳод иштирок доштанд.

Пажӯҳишҳои байналмилалии арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон дар замони муосир барои низоми маорифи ҳар кишваре аҳаммияти махсус дошта, маҳз тавассути он муайян ва муқоиса кардани ҳолат ва тағйироти низомҳои маорифи кишварҳои гуногун, инчунин арзёбии муассирии қарорҳои сиёсии дар соҳаи таҳсилот қабулшуда имконпазир мегардад. Аз ин лиҳоз, тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 масъалаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалии таҳсилоти умумӣ (PISA, TIMSS, PIRLS ва ғайра) аз ҷумлаи афзалиятҳо дар самти беҳтар намудани сифат ва муҳиммияти таълим ҳамчун чораи афзалиятноки ислоҳот – ҷорӣ намудани низоми самаранок ва механизмҳои институтсионалии арзёбии сифати таҳсилот дар асоси муносибати босалоҳият муайян карда шудааст. Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Стратегияи мазкур дар ин таҳқиқот иштирок мекунад.

Бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илм ва розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти мазкур аз ҷониби Маркази миллии тестӣ амалӣ карда мешавад. Барои амалисозии ин таҳқиқот гурӯҳи кории иборат аз мутахассисони Маркази миллии тестӣ ташкил карда шуд.

Ин вохӯрӣ оғози корҳо дар роҳандозии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан аст, ки таҳқиқоти асосии он соли 2026 баргузор карда мешавад. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба интихоби муассисаҳои таълимӣ, омодасозии матну пурсишномаҳо, идора, коркард ва истифодаи додаҳо дар доираи Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан баррасӣ карда шуданд.

Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан яке аз пажӯҳишҳои муқоисавии Анҷумани байналмилалии арзёбии пешрафти таҳсилӣ аст, ки аз соли 2001 то ҳол ба таври давраӣ – ҳар 5 сол як маротиба баргузор карда мешавад. Тавассути ин таҳқиқот сатҳ ва сифати хониш ва дарки матн дар хонандагони зинаи таҳсилоти ибтидоии кишварҳои гуногун муқоиса ва тафовутҳо дар ин бахши низомҳои миллии таҳсилот муайян карда мешаванд. PIRLS ҳамчунин омилҳои гуногунеро, ки ба ёдгирии саводи хондан дар хонандагон алоқаманд аст, меомӯзад. Созмондеҳи таҳқиқоти мазкур Коллеҷи Бостон (Массачусетс, ИМА) аст. Саволу масъалаҳо барои ин таҳқиқот дар маркази додаҳои Гамбург (Олмон) таҳия карда мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки ин дуюмин барномаи байналмилалиест, ки роҳандозии он ба уҳдаи Маркази миллии тестӣ гузошта шудааст. Барномаи якум Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) аст, ки пажӯҳиши асосии он соли 2025 анҷом дода мешавад.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон