Душанбе, 24-уми июни соли 2021
Ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 2021 аккредитатсияи намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО)-ро барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна олии касбӣ (ИМД), ки даври асосии он аз 1-ум то 7- уми июли соли ҷорӣ дар 47 маркази имтиҳонӣ доир мегардад, оғоз менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда мешаванд.
Лозим ба зикр аст, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузури намояндагони ВАО, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ барои боздиди марказҳои имтиҳонӣ аз аккредитатсия гузаштаанд, дар маркази имтиҳонӣ то оғози имтиҳон иҷозат дода мешавад.
Намояндагони ВАО, ки хоҳиши боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии раванди ИМД-ро доранд, бояд ба Марказ муроҷиат намоянд. Барои баррасии муроҷиат пешниҳоди маълумоти зерин лозим аст:
- Номи пурраи расмии ВАО; ҳудуди паҳншавии маҳсулоти ВАО; шакли нашри иттилоот; даврияти чопи ВАО; адади нашри ВАО; индекси почта ва нишонии редаксияи ВАО; рақами телефони сармуҳаррири ВАО, нишонии почтаи электронӣ;
- Ному насаб (пурра)-и намояндаи ВАО, вазифаи ишғолнамуда, рақами шаҳодатномаи хизматӣ, рақами телефони мобилӣ ва нишонии почтаи электронии намояндаи ВАО.
- Номи пурраи расмии ВАО/журналисти хориҷӣ, давлат; шаҳодатномаи аккредитатсияи ВАО/журналист дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи ишғолнамудаи намояндаи ВАО, рақами телефони мобилӣ ва почтаи электрониаш.
Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо аз намояндагони ВАО барои аккредитатсия
29-уми июни соли 2021 то соати 17:00.
Телефонҳо барои тамос: 224 53 68, 224 53 66; 882 20 07 07
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.