Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ҶАДВАЛИ БАРГУЗОРИИ ДАВРҲОИ ЯКУМ (АСОСӢ) ВА ДУЮМИ ИМД-2023

Нашр шуд: 04 Июни 2023
Диданд: 2668

Душанбе, 4-уми июни соли 2023

Ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонем, ки ҷадвали баргузории даврҳои якум (асосӣ) ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли 2023 муқаррар карда шуд. Мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳони қисми А‑ро довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ ва имтиҳони қисми Б-ро довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) месупоранд.

Тибқи ҷадвале, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти теъдоди довталабон ва ҷойҳои нишаст дар марказҳои имтиҳонии ташкилшаванда таҳия ва тасдиқ кардааст, даври якум (асосӣ)-и қисми А барои довталабони ҳар гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 6-уми июл – барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2‑юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) дар давоми якрӯзӣ ва барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) дар давоми ду рӯз баргузор карда мешавад.

Инчунин, тибқи ҷадвали мазкур соли ҷорӣ даври якум (асосӣ)-и қисми Б барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум, 2‑юм, 3-юм ва 4-ум рӯзи 4-уми июл ва барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб ва биология) рӯзи 7-уми июл гузаронида мешавад. Хотиррасон мекунем, ки солҳои пеш даври асосии қисми Б барои ҳамаи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум), новобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳои интихобкардаашон, пас аз баргузор шудани даври асосии қисми А – 7-уми июл баргузор мегардид.

Бо дарназардошти ҷадвали тасдиқгардида даъватномаҳои довталабон – шахсони аз 1-уми март то 1‑уми май номнависшуда омода ва ба онҳо тибқи макони нишондодаашон дар вақти бақайдгирӣ, ки дар варақаи бақайдгирӣ дарҷ гардидааст, фиристода мешавад. Инчунин, нусхаи электронии даъватномаҳо дар кабинетҳои инфиродии довталабон ҷойгир карда мешавад. Лозим ба зикр аст, ки маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони супоридани қисм(ҳо)‑и дахлдор барои ҳар як довталаб дар даъватнома ва кабинети инфиродияш дарҷ карда мешавад.

Довталаб бояд даъватномаашро аз ҷойе, ки онро дар вақти бақайдгирӣ нишон додааст, дастрас кунад. Дар ҳолати дастрас нагардидани даъватнома ва ё гум шудани он довталаб метавонад нусхаи электронии даъватномаашро аз кабинети инфиродиаш сабт ва чоп кунад ё дар зарурат барои дастрас кардани даъватнома ба Марказ ё бахши минтақавии он муроҷиат намояд. Дар бораи дар кабинети инфиродии довталаб ҷойгир гардидани даъватномааш ба ӯ паёмак (SMS) фиристода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки тавассути ИМД инчунин қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳое, ки дар баробари қисми А ё Б супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ё қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусиро)-ро талаб мекунанд, анҷом дода мешавад. Вобаста ба ин,  қисми В-ро, дар баробари ду субтести аввал (1-ум ва 2-юм)-и қисми А ё қисми Б, довталабоне, ки барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобнамудаашон дар асоси талаботу қоидаҳои муқарраргардида омодагии эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус доштанашон ҳатмист, месупоранд. Барои муайян кардани ҷадвали баргузорӣ – рӯзи мушаххаси супоридани қисми В, инчунин гирифтани машварат дар бораи масъалаҳои марбут ба қисми мазкур довталаби чунин ихтисосро интихобкарда ба муассисаи таълимие, ки онро дар бақайдгирӣ ҳамчун макони супоридани ин қисм нишон додааст, бояд пешакӣ муроҷиат кунад.

Қисми Г-ро, дар баробари қисми А, довталабоне, ки ихтисосҳои пешниҳодкардаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва (ё) Донишгоҳи Осиёи Марказиро интихоб кардаанд, месупоранд. Имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе шартан бо «Г.1» ва барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо «Г.2» ифода карда мешаванд.

Қисми Г.1 барои довталабони дахлдор дар худи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Барои гирифтани машварат дар бораи масъалаҳои марбут ба ин қисм, аз ҷумла рӯзҳои имтиҳонсупорӣ довталаб бояд ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунад. Телефонҳо барои тамос бо шахсони масъули ин филиал дар даъватномаҳои довталабони дахлдор нишон дода мешавад.

Қисми Г.2 барои довталабони дахлдор дар марказҳои имтиҳонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои интихобкардаи ин донишгоҳ баргузор карда мешавад. Вобаста ба ин, онҳо барои гирифтани маълумот дар бораи макон ва замони баргузории қисми мазкур бояд пешакӣ ба ин донишгоҳ муроҷиат кунанд. Телефонҳо барои тамос бо шахсони масъули Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар даъватномаҳои довталабони дахлдор нишон дода мешавад.

Хотиррасон мекунем:

1) маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории довталаб дар даъватномааш қайд мешавад. Ин маълумот барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродияш низ дастрас мегардад;

2) довталаб бояд ба макони имтиҳонсупорӣ 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон ҳозир шавад ва бо худ шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, даъватнома ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳро дошта бошад.

 

Ҷадвали баргузории даврҳои асосӣ ва иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли 2023

 

I. ДАВРИ ЯКУМ (АСОСӢ) 

Р.т.

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум)

қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум)

1

Табиӣ ва техникӣ

01.07.2023

04.07.2023

2

География ва иқтисод

02.07.2023

3

Филология, педагогика ва санъат

03.07.2023

4

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

04.07.2023

5

Тиб, биология ва варзиш

05.07.2023* ва 06.07.2023**

07.07.2023

Эзоҳ:

Мутобиқи банди 116 Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5 (тиб, биология ва варзиш) бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани шумораи ин довталабон имтиҳон (қисми А) ба тартиби зерин дар 2 рӯз гузаронида мешавад:

*рӯзи аввал – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами тоқ тамом мешавад ва ҳамаи довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ;

** рӯзи дуюм – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами ҷуфт тамом мешавад.

 

II. ДАВРИ ДУЮМ

 

Р.т.

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум)

қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум)

1

Табиӣ ва техникӣ

12.07.2023

12.07.2023

2

География ва иқтисод

3

Филология, педагогика ва санъат

4

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

5

Тиб, биология ва варзиш


 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон