Душанбе, 25-уми июни соли 2024
Ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО) расонида мешавад, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули дархостҳоро барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва гузоришҳои хабарӣ оид ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна олии касбӣ (ИМД) аз 25-уми июни соли 2024 оғоз менамояд.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи банди 138-и Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, ҳузури намояндагони ВАО, ки ба Марказ хаттӣ муроҷиат кардаанд, дар маркази имтиҳонӣ то оғози имтиҳон иҷозат дода мешавад.
Даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) аз 1‑ум то 8-уми июл дар 45 маркази имтиҳонӣ доир мегардад.
Марказҳои имтиҳонӣ барои даври якум дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда мешаванд. Даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б рӯзи 12-уми июл дар марказҳои имтиҳоние, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ташкил карда мешаванд, баргузор мегардад.
ВАО ва намояндагони онҳо, ки хоҳиши инъикоси раванди ИМД-2024-ро доранд, бояд хаттӣ ба Марказ муроҷиат намоянд. Барои баррасии муроҷиат пешниҳоди маълумоти зерин лозим аст:
1. Номи пурраи расмии ВАО ва ҳудуди паҳншавии маҳсулоти он; шакли нашри иттилоот; даврияти чопи ВАО ва адади нашри он; индекси почта ва нишонии мудирияти он; рақами телефони сармуҳаррири ВАО, нишонии почтаи электронӣ;
2. Ному насаб (пурра)-и намояндаи ВАО, вазифа, рақами шаҳодатномаи хидматӣ, рақами телефони мобилӣ ва нишонии почтаи электронии намояндаи ВАО.
3. Номи пурраи расмии ВАО/журналисти хориҷӣ, давлат; шаҳодатномаи аккредитатсияи ВАО/журналист дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи намояндаи ВАО, рақами телефони мобилӣ ва почтаи электрониаш.
Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо аз намояндагони ВАО барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ – 30-юми июни соли 2024 то соати 17:00.
Телефонҳо барои тамос: 224 53 68, 224 53 66; 882 20 07 07
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.