Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ҚАБУЛИ ДАРХОСТҲО АЗ НАМОЯНДАГОНИ ВАО БАРОИ БОЗДИДИ ОНҲО АЗ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 26 Июни 2025
Диданд: 1608

Душанбе, 26-уми июни соли 2025

Ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО) расонида мешавад, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули дархостҳоро барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва гузоришҳои хабарӣ оид ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна олии касбӣ (ИМД) аз 26-уми июни соли 2025 оғоз менамояд.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи банди 138-и “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, ҳузури намояндагони ВАО, ки ба Марказ хаттӣ муроҷиат кардаанд, дар маркази имтиҳонӣ то оғози имтиҳон иҷозат дода мешавад.

Даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) аз 1 ум то 9-уми июл дар 47 маркази имтиҳонӣ доир мегардад.
Марказҳои имтиҳонӣ барои даври якум дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 21 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Турсунзода, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда мешаванд. Даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б рӯзи 13-уми июл дар марказҳои имтиҳоние, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара ва Рашт ташкил карда мешаванд, баргузор мегардад.

ВАО ва намояндагони онҳо, ки хоҳиши инъикоси раванди ИМД-ро доранд, бояд хаттӣ ба Марказ муроҷиат намоянд. Барои баррасии муроҷиат пешниҳоди маълумоти зерин лозим аст:

1. Номи пурраи расмии ВАО ва ҳудуди паҳншавии маҳсулоти он; шакли нашри иттилоот; даврияти чопи ВАО ва адади нашри он; индекси почта ва нишонии мудирияти он; рақами телефони сармуҳаррири ВАО, нишонии почтаи электронӣ.

2. Ному насаб (пурра)-и намояндаи ВАО, вазифа, рақами шаҳодатномаи хидматӣ, рақами телефони мобилӣ ва нишонии почтаи электронии намояндаи ВАО.

3. Номи пурраи расмии ВАО/журналисти хориҷӣ, давлат; шаҳодатномаи аккредитатсияи ВАО/журналист дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи намояндаи ВАО, рақами телефони мобилӣ ва почтаи электрониаш.

Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо аз намояндагони ВАО барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ – 30-юми июни соли 2025 то соати 17:00.

Телефонҳо барои тамос: 224 53 68, 224 53 73; 882 20 07 07

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври  дуюм)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври дуюм)
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тестҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳои давраи дуюми бақайдгирӣ)
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон