Душанбе, 15‑уми апрели соли 2019
Ба диққати шахсоне, ки дар соли 2019‑ум ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) дохил шудан мехоҳанд, расонида мешавад, ки гунаи электронии маҷмӯаҳои саволу масъалаҳои тест барои омодагӣ ба ИМД (шинос шудан бо навъи саволу масъалаҳои тест ва тарзи иҷрои он) дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/namunai-test/789-namunai-savolu-masalahoi-test2019.html) ҷойгир карда шудааст. Хотиррасон мекунем, ки дар ИМД-2019 дар доираи ҳар як субтест то 40 %‑и саволу масъалаҳо аз ин маҷмӯаҳо истифода карда мешавад. Маҷмӯаҳо дар шакли чопӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ дастрас гардонида нашудааст. Калидҳо (ҷавобҳои дуруст) барои маҷмӯаҳои мазкур низ дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.
Бинобар ин, ба шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум), ки ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил шудан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки барои омодагӣ ба имтиҳонҳо аз гунаи электронии маҷмӯаҳои номбурда истифода кунанд.