Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОЗМОИШИ ВОСИТАҲОИ АРЗЁБИИ ДАСТОВАРДҲОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 5-УМ

Нашр шуд: 25 Декабри 2015
Диданд: 1173

Душанбе, 25 уми декабри соли 2015

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) 10 уми декабри соли ҷорӣ дар 105 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии кишвар озмоиши воситаҳои арзёбии дастовардҳои хонандагони синфҳои 5 умро баргузор кард. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 10, дар вилояти Суғд 37, дар вилояти Хатлон 42, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25 гимназия, литсей ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба озмоиш шомил буданд. Озмоиш дар маҷмӯъ 2699 хонандаро, ки аз он 110 нафарашон хонандагони таҳсилашон забони русӣ буд, дар бар гирифт.

Боис ба тазаккур аст, ки яке аз мақсад ва вазифаҳои Марказ гузаронидани пажӯҳишҳо ва арзёбии сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тавассути тест ва ташкили мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон аст.

Вобаста ба ин, дар баробари баргузор кардани ИМД ба МТТМК ва МТТОК, Марказ дар самти арзёбии дастовардҳои хонандагони синфҳои 5‑ум фаъолияти худро ба роҳ монда, барои таҳияи абзор – воситаҳои арзёбии дониши хонандагон ва озмоиши он як қатор корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.

Марказ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ва муассисаҳои дахлдори ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар доираи барномаи минтақавии «Ислоҳоти системаи маориф дар Осиёи Марказӣ» абзори минтақавӣ барои арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагони синфҳои 4-и муассисаҳои таълимии давлатҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон) таҳия намуд.

Абзори мазкур CAPSA (Central Asia Program for Student Assessment – Барномаи Осиёи Марказӣ оид ба арзёбии дониши хонандагон) ном гирифта, мақсадҳои дорад:

- таҳкими ҳамкориҳо байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар соҳаи маориф, бахусус, дар самти арзёбии дониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ;

- муайян кардани сатҳи дастовардҳои таълимии хонандагони синфҳои 4-ум аз математика ва хонишу фаҳмиш;

- муайян кардани омилҳое, ки ба натиҷаҳои таҳсилот таъсир мерасонанд.

Корҳои анҷомшуда дар доираи Capsa:

- таъсиси мақоми идоракунӣ ва гурӯҳи корӣ;

- муайян кардани мавзӯъҳои афзалиятдор барои муколамаи минтақавӣ дар доираи барномаи CAPSA;

- таҳияи нақшаи кори арзёбии сатҳи дониш ва салоҳияҳои фаннии хонандагони синфҳои 4-ум;

- таҳияи маводи назоратию андозагирӣ аз рӯйи математика ва хонишу фаҳмиш;

- озмоиш ва мутобиқгардонии абзори санҷиш ва мониторинги салоҳиятҳои омӯзишию фаннии хонандагони синфҳои 4-ум;

- гузаронидани пажӯҳиши байналмилалӣ оид ба арзёбии сатҳи дониши синфҳои 4-ум дар давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон.

Ҳамин тариқ, иштирокдорони озмоиши воситаҳои арзёбии дастовардҳои хонандагони синфи 5-ум дар шаҳри Душанбе 300 нафарро ташкил карданд. Аз ин шумора 48 нафарашон хонандагони забони таълимашон русӣ буд. Иштирокдорони озмоиш дар вилояти Суғд 665 нафар, дар вилояти Хатлон 1094 нафар (39 нафар хонандаи забони таълимашон русӣ), дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 29 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тебеи ҷумҳурӣ 611 нафар (аз ин 23 нафарашон хонандагони забони таълимашон русӣ) мебошанд.

Бояд гуфт, ки барои баргузор кардани озмоиши воситаҳои арзёбии дастовардҳои хонандагони синфҳои 5‑ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муаллимони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, ки шумораашон 210 нафарро ташкил медод, ҷалб гардида буданд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон