Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

42 нафар бақайдгиранда интихоб шуд

Нашр шуд: 07 Феврали 2014
Диданд: 1493

Душанбе. 7-уми феврали соли 2014. Марҳалаи аввали семинари омӯзишӣ барои омода кардани бақайдгирандагон дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид ва дар натиҷа 42 бақайдгиранда аз байни 56 иштирокдор интихоб шуданд. Дар байни 42 нафари интихобшуда 7 нафар роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ, 7 нафар ёвари онҳо ва 28 нафар бақайдгиранда муайян шуданд. Ин теъдоди масъулони бахши қайдгирӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳия Рашт ба кори мавсимӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Дар давоми 4 рӯз ба ду гурӯҳи шунавандагон мутахассисони Маркази миллии тестӣ доир ба раванди бақайдгирии довлаталабон бо истифода аз технологияи муосир дарсҳои амаливу назариявӣ гузаронида, тавассути санҷиш масъулонро интихоб намуданд.

Яке аз фаъолони семинари марказ Парвина Наҷмиддинова, сармутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, ки қабл аз ин дар озмоиши калони соли гузашта ба ҳайси роҳбари маркази имтиҳонӣ фаъолият мекард, дар бораи марҳалаи омодасозии бақайдгирандагон мегӯяд: “Омӯзише, ки банда дар он иштирок доштам дар сатҳи хеле баланд гузашт. Мутахассисони Марказ ба мо тамоми марҳалаи сабти номи довталабон, тартибу қоидаҳо, тарзи истифодаи барномаи бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дигар паҳлуҳои раванди мазкурро фаҳмонда доданд. Бояд гуфт, ки аз ҷониби Марказ ба семинари мазкур он нафароне ҷалб шудаанд, ки аз технологияи муосир бархӯрдоранд. Зеро воридкунии маълумот дар бораи довталабон ба пойгоҳи додаҳо тариқи барномаи компютерии махсус сурат мегирад.”

Тӯли як моҳ силсилаи семинарҳо дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ: вилояти Суғд аз 11-ум то 14-уми феврал, вилояти Хатлон аз 18-ум то 21-уми феврал, ВМКБ аз 25-ум то 26-уми феврал баргузор мешаванд. Дар шаҳри Душанбе омӯзиш аз 4-уми феврал то 7-уми баргузор шуд. 

Тибқи эълони пешакӣ, барои 20 нуқтаи бақайдгирӣ, ки аз ҷониби Марказ дар 11 шаҳру навоҳии кишвар таъсиси дода шудааст, 164  нафар ҳуҷҷат супурдаанд. Дар интиҳои тамоми омӯзишҳо Марказ аз байни иштирокдорон дар маҷмӯъ 120 нафари арзандаро ба ҳайси бақайдгирандагони оянда интихоб мекунад. 

Ёдовар мешавем, ки 1-уми март давраи бақайдгирии довталабон ба муассисаҳои олии кишвар оғоз мешавад ва то 15-уми апрели соли идома меёбад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹Май 2025›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон