Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТАҚСИМОТИ ДОНИШҶӮЁН БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2016-2017 ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАРОНИДА ШАВАД

Нашр шуд: 03 Августи 2016
Диданд: 1170

Душанбе, 3-юми августи соли 2016

Бо ташаббуси Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми августи соли 2016 дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф вохўрӣ бо ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ва котибони масъули комиссияҳои қабули ҳамаи 59 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, ки донишҷӯён тибқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ қабул карда мешаванд, баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи вохўрӣ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз ҳамоиши имрўза, пеш аз ҳама, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва шинос намудани роҳбарону котибони масъули комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимӣ бо тартиби тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва низоми ҳуҷатнигорӣ мебошад.

Аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ хоҳиш карда мешавад, ки қабулро ба муассисаҳои таълимӣ танҳо дар асоси рўйхати пешниҳодменамудаи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монанд. Ҳеҷ як роҳбари муассисаи таълимӣ берун аз рўйхати пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестӣ ҳуқуқи қабул намудани донишҷўро надорад. Агар ин ё он муассисаи таълимӣ нақшаи қабулро иҷро накард, ин аз он шаҳодат медихад, ки роҳбари муассиса корҳои таблиғотиву муаррифии ихтисосҳоро дуруст ба роҳ намондааст, - қайд кард Нуриддин Саид.

Дар идомаи суҳбат вазири маориф ва илм Нуриддин Саид вобаста ба қабул намудани донишҷўён тариқи суҳбат барои идомаи таҳсил, дар доираи қонунҳои амалкунанда ба роҳ мондани интиқоли донишҷўён аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, баргузор намудани тақсимоти такрорӣ дар Маркази миллии тестӣ ва чанде дигар ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин, муовини вазири маориф ва илм Б.Одиназода, муовини аввали директори маркази миллии тестӣ С.Ҷаъфаров, сардори шуъбаи кор бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ М.Шодиев суханронӣ намуда, ҳозиринро бо тартиби бақайдгирии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ, дуруст ба роҳ мондани тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар нозукиҳои ҷойдошта дар ин самт ошно карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои соли таҳсили 2016-2017 тибқи нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 54827 ҷой ҷудо шуда, 83597 нафар дар Маркази миллии тестӣ аз қайд гузаштааст, ки аз ин теъдод 48053 нафар писар ва 35544 нафар духтар мебошад. Аз теъдоди азқайдгузаштагон беш аз 78 ҳазор ба имтиҳонҳо ҳозир шуданд ва 59260 нафар холи зарурии гузаришро ба даст оварда, ба озмуни тақсимот роҳ ёфтанд.

Дар идома мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон аз ҳисоби намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон