Душанбе, 2-уми марти соли 2015
Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2015 оғоз шуд. Дар асоси таҳлилҳо оид ба шумораи умумии хатмкунандагон ва бо мақсади таъмини дастрасии хоҳишмандон барои аз қайд гузаштан дар 24 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 26 нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда шуд.
Бақайдгирӣ то 15-уми апрел идома ёфта, дар ин муҳлат хоҳишмандон метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии ба маҳалли зисташон наздик ҳозир шуда аз қайд гузаранд. Дар соли ҷорӣ довталабон ҳуқуқ доранд дар доираи 1 гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) бо назардошти муассисаи таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, то 12 ихтисосро интихоб кунанд. Барои аз қайд гузаштан лозим аст, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расид дар бораи пардохти маблағи муқарраршудаи арзиши хизматрасониро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” дода шудааст, дар нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар баробари нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ боз дар 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ташкили 6 нуқтаи сайёри бақайдгирӣ ба нақша гирифта шудааст.
Соли ҷорӣ 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (аз ҷумла, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил гардида, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов аз низоми ИМД бароварда шудааст.