Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ

Нашр шуд: 23 Декабри 2022
Диданд: 2005

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ

НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Эълон дар бораи ҷойҳои кории холӣ 

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон мекунад: 

  • сармутахассиси фанни физикаи раёсати таҳияи маводди имтиҳон;
  • ороишгари раёсати таҳияи маводди имтиҳон;
  • сармутахассиси омор-психометристи шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд;
  • муҳаррири забони русии раёсати таҳияи маводди имтиҳон;
  • сармутахассис оид ба коркарди маводди имтиҳони раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
  • сармутахассис-котиби матбуотии бахши робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот;
  • мутахассиси воситаҳои назорати видеоии бахши бехатарӣ.  

 

I. Талаботи тахассусӣ барои вазифаи сармутахассиси фанни физика

Ба вазифаи сармутахассиси фанни физикаи раёсати таҳияи маводди имтиҳон шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

  • таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи омӯзгорӣ (омӯзиш дар курсҳои махсус, бо пешниҳоди сертификат, бартарӣ дониста мешавад);
  • собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ (ва ё дар дигар муассисаи соҳаи маориф) ба сифати мутахассиси фаннӣ;
  • дониш ва қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тестҳо;
  • малакаи баланди муоширати даҳонӣ ва хаттӣ;
  • қобилияти кор кардан дар гурӯҳ ва дар шароити махфӣ, дар ҳолате, ки риояи конфиденсиалӣ аз меъёрҳои асосии кори иҷрошаванда маҳсуб меёбад;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
  • малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷаттҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда;
  • малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводи зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ;
  • малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.

 

II. Талаботи тахассусӣ барои вазифаи ороишгар

Ба вазифаи ороишгари раёсати таҳияи маводди  имтиҳон шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

  • таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ё ба ҳамин монанд (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат, бартарӣ дониста мешавад);
  • донистани раванди вироиш ва тарҳбандии маводди чопӣ барои нашр;
  • хусусиятҳои илмию техникии дизайн ва ороиш;
  • собиқаи на камтар аз 1-солаи кор дар соҳаи дизайни графикӣ;
  • малакаи кор бо барномаҳои компютерии бастаи MS Office, MS Publisher, Adobe PageMaker, Adobe Photoshop, CorelDRAW, InDesign, Scan Book, Flips, Internet ва ғайра;
  • қобилияти кор кардан дар реҷаи сахти махфият, ки конфиденсиалии он аз ҷузъиёти асосӣ маҳсуб меёбад;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ
  • дониста мешавад);
  • қобилияти кор кардан дар гурӯҳ, масъулият ва  тағйирпазирӣ, қобилияти зуд ба вазъиятҳои мухталифи ҳассос мутобиқ шудан;
  • қобилияти зуд аз худ кардани тартиб ва тарзи таҳияи саволу масъалаҳои тест,
  • таҳрири онҳо ва маводди марбут ба ИМД;
  • малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда (бо забонҳои русӣ ва хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
  • малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.

 

III. Талаботи тахассусӣ барои вазифаи сармутахассиси омор-психометрист

Ба вазифаи сармутахассиси омор-психометристи шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки барои таҳлил ва коркарди оморию психометрии додаҳои натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, озмоишҳо (тестгузарониҳо) ва пажӯҳишҳои педагогии гуногун вазифадор буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

  • доштани маълумоти олии касбӣ дар соҳаи омор;
  • собиқаи кории на кам аз 3 сол дар соҳаи маориф;
  • малакаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар таҳлилҳои оморию психометрӣ, аз ҷумла, истифода карда тавонистани барномаҳои таҳлилӣ, аз қабили SPSS ва LerTap;
  • таҷрибаи хуби корӣ дар самти гузаронидани озмоишу пажӯҳишҳо ва муайян намудани меъёрҳои асосӣ барои таҳлили статистикӣ ва психометрии онҳо;
  • қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи муошират дар сатҳи баланд;
  • маҳорати хуби ташкил, коркард ва идораю нигоҳдории пойгоҳи додаҳо;
  • малакаи хуби таҳияи ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ-ҳисоботӣ ва презентатсияҳо;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ афзалият дорад).
  • донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

 

IV. Талаботи тахассусӣ барои вазифаи муҳаррири забони русӣ

 Муҳаррири забони русии раёсати таҳияи маводди имтиҳон барои мусоидат кардан ба коркард ва таҳияи саволу масъалаҳои тест барои ҳамаи субтестҳо, олимпиадаҳо/арзёбиҳое, ки  Марказ  баргузор мекунад, такмили  «Бонки саволҳои тестӣ» вобаста ба ҳадафҳои Марказ, риояи  талабот доир ба сифат ва миқдори саволу масъалаҳои тестии дар мушаххасоти имтиҳонҳо, олимпиадаҳо ва арзёбиҳо нишондода, иштирок дар арзёбии тестҳо ва натиҷаи санҷишу имтиҳонҳо, таҳия ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ барои беҳтар кардани сифати саволу масъалаҳои тестӣ тарҷумаи саволу масъалаҳои тест,  ва коркарди тестҳо вазифадор буда, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошад:

  • таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи филология рус (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
  • дониши сатҳи баланди забони русӣ, грамматика ва услуби забони русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад), назарияи классикӣ ва муосири тест;
  • собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ё дар дигар муассисаи соҳаи маориф ба сифати омӯзгор ё мутахассиси фаннӣ ё муҳаррир;
  • собиқаи кории таҳрир ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ба забони русӣ;
  • малакаи баланди муоширати хаттӣ;
  • қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тест, тартиб ва тарзи таҳияи саволу масъалаҳои тест;
  • малакаи хуби кор бо компютер, қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ истифода карда тавонистан аз барномаҳои компютерии бастаи MS Office;
  • қобилияти кор кардан дар гурӯҳ ва дар шароити махфӣ, (дар ҳолате, ки риояи конфиденсиалӣ аз меъёрҳои асосии кори иҷрошаванда маҳсуб меёбад);
  • донистани асосҳои илмӣ ва хусусиятҳои илмию техникии таҳрир ва тарҷума;
  • қобилияти зуд аз худ кардани қоидаҳо, тартиб ва протоколи таҳияи вазифаҳои тестӣ;
  • малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда (ба забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
  • малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.

 

V. Талаботи тахассусӣ барои вазифаи сармутахассис оид ба коркарди маводди имтиҳон 

Сармутахассис оид ба коркарди маводди имтиҳони раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои таҳия, такмили хизматрасониҳои автоматикунонии коркарди маводди имтиҳон, ҳамкорӣ бо кормандони Марказ ҷиҳати навсозии сохтор ва ё таҳияи гунаи нави варақаҳои ҷавобҳо, санҷиши пайвастаи ҳолати техникии таҷҳизоти ба ӯ боваришуда ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани онҳо, масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

  • таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
  • омӯзиш дар курсҳои тахассусии ба соҳаи ТИК, аз ҷумла ба самти коркарди додаҳо алоқаманд (дараҷаи байналмилалӣ бартарӣ ҳисобида мешавад);
  • собиқаи кории на камтар аз 3-сола дар самти коркарди маводҳо, алахусус дар самти ба таври автоматӣ воридкунии он;
  • донишҳои амалӣ дар самти насб ва танзими таҷҳизоти нусхабардории оптикӣ (сканер)-и пуриқтидори истеҳсолӣ ва таъминоти барномавии мувофиқ ва принтерҳои калонҳаҷм барои чопи штрих-код;
  • донишҳои амалӣ ва малакаи истифодаи барномаҳои коркарди додаҳо, аз қабилиABBYY FlexiCapture (9.0, 10, 11, 12), ABBYY FlexiLayoutStudio;
  • донишҳои амалӣ бо бастаи барномаҳои MS Office (дар сатҳи касбӣ), донишҳои амалӣ бо барномаҳои графикаи векторӣ ба монандӣ Corel Draw (версияҳои охирини он), ABBYY FormDesigner;
  • донишҳои амалӣ дар самти системаҳои оператсионии серверии Windows Server 2019 ва навтарин, сохтани Active Directory ва истифодаи он дар сатҳи касбӣ;
  • малакаи хуби кор ва донистани шабакаҳои компютерӣ;
  • донишҳои назариявӣ ва амалӣ дар самти кор ва истифодаи системаҳои идоракунии пойгоҳҳои додаҳо, аз ҷумла MS SQL Server;
  • маҳорати таъмини дастгирии техникӣ ва машваратҳои фосилавӣ ба кормандони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои минтақавии Марказ дар масъалаҳои вобаста ба хизматрасониҳои Марказ, ки бар технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ алоқаманд ҳастанд;
  • малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;
  • дақиқкорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои корҳои базиммагузошта;
  • қобилияти зуд мутобиқгардӣ дар шароити нави корӣ ва кори гурӯҳӣ (ҳамкорӣ бо кормандони Марказ ва бахшҳои минтақавии он)ва доштани малакаи хуби муошират;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ, ҳадди ақал дар сатҳи техникӣ бартарӣ дониста мешавад).

  

 VI. Талаботи тахассусӣ барои вазифаи сармутахассис-котиби матбуотӣ

Сармутахассис-котиби матбуотии бахши робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот барои дастгирии иттилоотии фаъолияти Марказ, сари вақт аз тариқи воситаҳои ахбори омма (ВАО) ба аҳолӣ оид ба фаъолияти Марказ иттилоъ додан, шиносоии ҷомеа бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) тавассути ВАО, банақшагирӣ ва ташкили барномаҳои иттилоотӣ вобаста ба марҳалаҳои ИМД ва чорабиниҳои иҷтимоию маърифатӣ ва иттилоотии вобаста ба он, шаклҳои гуногуну мутақобилаи робитаи Марказ бо ҷомеа масъул буда, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошад:

  • доштани таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ, филология, ҷомеашиносӣ (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат, бартарӣ дониста мешавад);
  • собиқаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи робита бо ҷомеа;
  • сатҳи баланди коммуникативӣ (муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ), қобилияти тайёр кардани варақаҳои иттилоотӣ барои шунавандагони аудиторияҳои гуногун;
  • қобилияти омода намудани брифингҳои расмӣ, баёнот, пресс-релизҳо, баромадҳо ва дигар маводди иттилоотӣ барои роҳбарият;
  • малакаҳои беҳтарини кор бо компютер, қобилияти истифодаи маҷмуи барномаҳои коркарди матнҳо, омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои асосии MS Office, аз ҷумла Word, Excel, Power Point, Adobe Premiere Pro, Adobe After Effects ва ғайра;
  • малакаи кор бо таҷҳизоту воситаҳои сабти навор ва дастгоҳҳои аксбардорӣ;
  • малакаи пуштибонии иттилоотӣ ва рушди сомонаҳо;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
  • малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо. 

 

VII. Талаботи тахассусӣ барои вазифаи мутахассиси воситаҳои назорати видеоӣ

Мутахассиси воситаҳои назорати видеоии бахши бехатарӣ барои ташхиси ҳамаи навъҳои наворсабткунандаҳо, камераҳои назоратӣ ва дигар таҷҳизоти марбут ба ин соҳа, ки айни замон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он истифода мешаванд, такмил ва дастгирии хизматрасониҳои Марказ, ки дар заминаи технологияҳои ҷойдошта амал мекунанд, аз ҷумла сари вақт аз ташхиси техникӣ гузаронидани наворсабткунанда, камераҳои назоратӣ ва муайян кардани нуқсону камбудиҳои ҷойдошта дар ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ, бинои дафтари асосӣ ва бахшҳои минтақавии Марказ, ҳамкорӣ бо кормандони Марказ ҷиҳати навсозии системаҳои назораткунанда ва ба роҳ мондани назорати пайвастаи бехатарӣ дар бахшҳои минтақавӣ тариқи шабакаҳои глобалӣ (онлайн) ё дохилӣ ва таъмини кори муттасили ин низом масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

  • таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
  • омӯзиш дар курсҳои тахассусии соҳаи ТИК, аз ҷумла алоқаманд ба самти системаи таъмини бехатарӣ (дар умум) ва системаи воситаҳои назорати видеоӣ (дар алоҳидагӣ) бартарӣ шуморида мешавад;
  • собиқаи кории на камтар аз 3-сола дар самти системаҳои таъмини бехатарӣ ва назорати видеоӣ;
  • малакаю маҳорати хуби истифода аз системаҳои оператсионии оилаи MS Windows, таъминоти барномавии идоравӣ (MS Office), амнияти иттилоотӣ ва кор дар шабакаи Интернет (браузерҳо, почтаи электронӣ), таҷҳизоти компютерӣ ва идоравӣ;
  • малакаи насб, танзим ва ташхиси наворсабткунандаҳо, камераҳои назоратии навъҳои гуногун (IP-камераҳо, камераҳои аналогӣ, HD-SDI-камераҳо), таъминоти барномавӣ ва идораи онҳо тариқи компютер (бо дарназардошти шабакаҳои компютерӣ);
  • маҳорати таъмини дастгирии техникӣ ва машваратҳои фосилавӣ ба кормандони воҳидҳои сохтории Марказ дар масъалаҳои вобаста ба истифодаи системаҳои назорати видеоӣ ва хизматрасониҳои дигари Марказ, ки марбут ба ин самтанд мебошад;
  • малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;
  • дақиқкорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои корҳои базиммагузошта;
  • қобилияти зуд мутобиқгардӣ дар шароити нави корӣ ва кори гурӯҳӣ (ҳамкорӣ бо кормандони Марказ ва бахшҳои минтақавии он) ва доштани малакаи хуби муошират;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ, ҳадди ақал дар сатҳи техникӣ бартарӣ дониста мешавад).

 

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд ариза ва шарҳи мухтасари ҳол (резюме)-и худро ба забони тоҷикӣ, нусхаи шиноснома, диплому сертификатҳо ва дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин маълумотномаро дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба Марказ пешниҳод намоянд. Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то соати 17:00, 6-уми январи соли 2022.

 

Нишонӣ:

734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.

Тел.: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.

Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Шахси мутасаддӣ: П. Шаропова

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон