Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҶОИ КОРИИ ХОЛӢ

Нашр шуд: 01 Феврали 2022
Диданд: 1496

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ

НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Эълон дар бораи ҷои кории холӣ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи муҳаррири забони русии раёсати таҳияи маводди имтиҳон озмун эълон менамояд.

 

 Талаботи тахассусӣ

Муҳаррири забони русӣ барои мусоидат кардан ба коркард ва таҳияи саволу масъалаҳои тест барои ҳамаи субтестҳои / имтиҳонҳо, олимпиадаҳо/арзёбиҳое, ки  Марказ  баргузор мекунад, такмили  «Бонки саволҳои тестӣ» вобаста ба ҳадафҳои Марказ, риояи  талабот доир ба сифат ва миқдори саволу масъалаҳои тестии дар мушаххасоти имтиҳонҳо, олимпиадаҳо ва арзёбиҳо нишондода, иштирок дар арзёбии тестҳо ва натиҷаи санҷишу имтиҳонҳо, таҳия ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ барои беҳтар кардани сифати саволу масъалаҳои тестӣ тарҷумаи саволу масъалаҳои тест,  ва коркарди тестҳо вазифадор буда, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошад:

  • таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи филология рус (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
  • дониши сатҳи баланди забони русӣ, грамматика ва услубиёти забони русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад), назарияи классикӣ ва муосири тест;
  • собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ё дар дигар муассисаи соҳаи маориф ба сифати омӯзгор ё мутахассиси фаннӣ ё муҳаррир;
  • собиқаи кории таҳрир ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ба забони русӣ;
  • малакаи баланди муоширати хаттӣ;
  • қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тест, тартиб ва тарзи таҳияи саволу масъалаҳои тест;
  • малакаи хуби кор бо компютер, қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ истифода карда тавонистан аз барномаҳои компютерии MS Office, Adobe Photoshop, Scan Book, Flips ва ғ.;
  • қобилияти кор кардан дар гурӯҳ ва дар шароити махфӣ, (дар ҳолате, ки риояи конфиденсиалӣ аз меъёрҳои асосии кори иҷрошаванда маҳсуб меёбад);
  • донистани асосҳои илмӣ ва хусусиятҳои илмию техникии таҳрир ва тарҷума;
  • донистани қонунгузории ҷории Тоҷикистон дар соҳаи тарҷумаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводди илмию оммавӣ;
  • қобилияти зуд аз худ кардани қоидаҳо, тартиб ва протоколи таҳияи вазифаҳои тестӣ;
  • малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда (ба забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
  • малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд ариза ва резюмеи худро ба забони тоҷикӣ, нусхаи шиноснома, диплому сертификатҳо ва дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин маълумотномаро дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба Марказ пешниҳод намоянд. Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то соати 17:00, 14-уми феврали соли 2022.

 

Нишонӣ:

734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.

Тел.: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.

Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон