МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Эълон дар бораи ҷойҳои кории холӣ
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
- ёвари директор;
- сардори шуъбаи молия – сармуҳосиб;
- сардори бахши минтақавии раёсти ташкил ва идораи дар шаҳри Хуҷанд;
- сармутахассиси фанни физикаи раёсати таҳияи маводди имтиҳон;
- мутахассиси бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар шаҳри Хуҷанд;
- мутахассиси бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар шаҳри Хоруғ;
- сармутахассис-котиби директор.
- Ба вазифаи ёвари директор шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, рӯзноманигорӣ, ҳуқуқ, ҷамъиятшиносӣ ё соҳаи ба ҳаминҳо монанд;
- малакаи хуби идоракунии раванди коргузорӣ, дониш ва таҷрибаи хуб дар мукотибаи расмию корӣ;
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу таҳрир ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо ва хулосабарорӣ;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Малакаи хуби таҳрири имлоӣ ва наҳвӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти истифодаи барномаҳои мухталифи компютерӣ;
- собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи маориф;
- малакаи хуби гуфтугӯ ва навиштан ба забони англисӣ бартарӣ дониста мешавад.
- Ба вазифаи сардори шуъбаи молия – сармуҳосиб шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- доштани таҳсилоти олии иқтисодӣ бо собиқаи сесолаи кории амалӣ ба ҳайси муҳосиб, иқтисодчӣ, мутахассиси молия, андоз ё таҳсилоти миёнаи махсуси касбӣ бо собиқаи панҷсолаи амалии корӣ аз рӯйи ҳамин ихтисосҳо;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, инчунин қонунгузории соҳаи молия ва андозбандии самти фаъолият;
- малакаи хуби идоракунии раванди муҳосибӣ, молиявӣ, иқтисодӣ ва таҷрибаи хуб дар мукотибаи расмию корӣ;
- малакаи хуби таҳияи ҳисоботҳо, банақшагирии молиявӣ, таҳия ва ҳимояи буҷаи пешниҳодкарда дар мақомоти дахлдор, анҷом додани тендерҳои барои Марказ зарурӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии дигари барои фаъолият зарурӣ;
- малакаи зарурӣ оид ба истифодабарии стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши давлатӣ дар раванди пешбурди баҳисобгирӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ҳимояи манфиатҳои давлатӣ;
- дар 3 сол на камтар аз 1 маротиба баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
- Ба вазифаи сардори бахши минтақавии раёсти ташкил ва идораи дар шаҳри Хуҷанд шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ (омӯзиш дар соҳаҳои омӯзгорӣ, ё информатика ва ё менеҷмент, аз ҷумла дар курсҳои кутоҳмуддат бо пешниҳоди сертификат, бартарӣ дониста мешавад);
- собиқаи кории на камтар аз 5-сола дар соҳаи маъмурият ва ё идоракунии чорабиниҳои калонҳаҷм дар сатҳи баланд;
- сатҳи баланди ташкили ва идоракунии чорабиниҳо;
- қобилияти идораи кормандони касбию маъмурӣ ва таъмини роҳбаладии устувор ва босамари онҳо;
- қобилияти дақиқкорӣ дар шароити назорати ҳадди аққал ва риояи ҷиддии муҳлати барои иҷрои кор муқарраршуда;
- малакаи хуби коммуникатсионӣ - гуфтушунидҳо ва муошират дар аудитория ва сатҳи гуногун (ба забонҳои русӣ ва хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад) ва муоширати рушдёфтаи хаттӣ;
- қобилияти кор бо шарикони дигари Марказ дар сатҳҳои гуногуни минтақаи фаъолияти ба ӯ вобасташуда;
- қобилияти ҳамкории доимӣ доштан бо кормандони асосии Марказ ҷиҳати баррасию ҳалли мушкилоти мавҷуда ва пешниҳоди машваратҳои стратегӣ ва тавсияҳо ба роҳбарияти Марказ;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ;
- малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда (ба забонҳои русӣ ва хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.
- Ба вазифаи сармутахассиси фанни физикаи раёсати таҳияи маводди имтиҳон шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи самти тадриси физика ё илмҳои физикӣ (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ (ва ё дар дигар муассисаи соҳаи маориф) ба сифати мутахассиси фаннӣ;
- дониш ва қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тестҳо;
- малакаи баланди муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ;
- қобилияти кор кардан дар гурӯҳ ва дар шароити махфӣ (дар ҳолате, ки риояи махфият аз меъёрҳои асосии кори иҷрошаванда маҳсуб меёбад);
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда;
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ;
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.
- Ба вазифаи мутахассиси бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар шаҳри Хуҷанд шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯ бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаҳои информатика ва ё омӯзгорӣ (омӯзиш дар курсҳои махсус, аз ҷумла дар курсҳои кутоҳмуддат бо пешниҳоди сертификат, бартарӣ дониста мешавад);
- собиқаи кории на камтар аз 3-сола дар соҳаи маориф;
- қобилияти дақиқкорӣ дар шароити назорати ҳадди аққал ва риояи ҷиддии муҳлат барои иҷрои кор ҷудошуда;
- қобилияти кори даставӣ (ҳамкорӣ бо кормандони дигари Марказ);
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- қобилияти ҷамъоварии маълумоти оморӣ аз муассисаҳои таълимӣ;
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ;
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.
- Ба вазифаи мутахассиси бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар шаҳри Хоруғ шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯ бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаҳои информатика ва ё омӯзгорӣ (омӯзиш дар курсҳои махсус, аз ҷумла дар курсҳои кутоҳмуддат бо пешниҳоди сертификат, бартарӣ дониста мешавад);
- собиқаи кории на камтар аз 3-сола дар соҳаи маориф;
- қобилияти дақиқкорӣ дар шароити назорати ҳадди аққал ва риояи ҷиддии муҳлат барои иҷрои кор ҷудошуда;
- қобилияти кори даставӣ (ҳамкорӣ бо кормандони дигари Марказ);
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- қобилияти ҷамъоварии маълумоти оморӣ аз муассисаҳои таълимӣ;
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ;
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.
- Ба вазифаи сармутахассис-котиби директори бахши коргузори ва назорат шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ (соҳаи коргузорӣ ва омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- собиқаи кории на кам аз 2 сол дар соҳаи дахлдор;
- таҷрибаи кор бо гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва (ё) чопӣ;
- малакаи хуби кор бо компютер;
- донистани қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои гуфтугӯ, қабулу интиқоли ҳисоботи шакли электронӣ;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои дигари хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад).
Аз хоҳишмандон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- ариза ба унвони директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тарҷумаи ҳол (чопӣ ва электронӣ);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ).
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
- акс (3х4 ранга 2 адад, 4х6 2 адад).
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо:
21 рӯз аз замони нашри эълон.
Ҳуҷҷатҳои зикргардида ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд:
734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.
Тел.: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.
Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Шахси мутасаддӣ: П. Шаропова





