МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Эълон дар бораи ҷойҳои кории холӣ
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
- сармутахассиси фанни физикаи раёсати таҳияи маводди имтиҳон;
- муҳаррири забони русии раёсати таҳияи маводди имтиҳон;
- мутахассиси бахши коргузорӣ ва назорат;
- мутахассиси бахши ҳифзи меҳнат;
- мутахассиси пешбари бахши ҳамоҳангсози марказии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон;
- сармутахассис-котиби матбуотии бахши робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот;
- мутахассиси шуъбаи молия.
1. Ба вазифаи сармутахассиси фанни физикаи раёсати таҳияи маводди имтиҳон шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи омӯзгорӣ (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ (ва ё дар дигар муассисаи соҳаи маориф) ба сифати мутахассиси фаннӣ;
- дониш ва қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тестҳо;
- малакаи баланди муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ;
- қобилияти кор кардан дар гурӯҳ ва дар шароити махфӣ (дар ҳолате, ки риояи махфият аз меъёрҳои асосии кори иҷрошаванда маҳсуб меёбад);
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда;
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ;
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.
2. Ба вазифаи муҳаррири забони русии раёсати таҳияи маводди имтиҳон шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи филология рус (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- дониши сатҳи баланди забони русӣ, грамматика ва услубиёти забони русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад), назарияи классикӣ ва муосири тест;
- собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ё дар дигар муассисаи соҳаи маориф ба сифати омӯзгор ё мутахассиси фаннӣ ё муҳаррир;
- собиқаи корӣ дар таҳрир ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ба забони русӣ;
- малакаи баланди муоширати хаттӣ;
- қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тест, тартиб ва тарзи таҳияи саволу масъалаҳои тест;
- малакаи хуби кор бо компютер, қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ истифода карда тавонистан аз барномаҳои компютерии MS Office, Adobe Photoshop, Scan Book, Flips ва ғ.;
- қобилияти кор кардан дар гурӯҳ ва бо риояи махфият, (дар ҳолате, ки риояи махфият аз меъёрҳои асосии кори иҷрошаванда маҳсуб меёбад);
- донистани асосҳои илмӣ ва хусусиятҳои илмию техникии таҳрир ва тарҷума;
- донистани қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тарҷумаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводди илмию оммавӣ;
- қобилияти зуд аз худ кардани қоидаҳо, тартиб ва протоколи таҳияи вазифаҳои тестӣ;
- малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда (ба забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.
3. Ба вазифаи мутахассиси бахши коргузорӣ ва назорат шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ (соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, инчунин омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- таҷрибаи кории на кам аз 2 сол дар соҳаи дахлдор;
- таҷрибаи кор бо гардиши электронӣ ва хаттии ҳуҷҷатҳо;
- қобилияти кор кардан бо риояи пурраи талаботи бехатарии иттилоот ва махфӣ нигоҳ доштани маълумот;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода карда тавонистани барномаҳои корбурдии MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Outlook), маҳорати кор бо шабакаи Интернет ва истифода аз имкониятҳои он.
4. Ба вазифаи мутахассиси бахши ҳифзи меҳнат шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи техникӣ, муҳандисӣ ё соҳаи ба ҳаминҳо монанд (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои дигари хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ, аз қабили MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Outlook);
- малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда;
- собиқаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва ба ҳамин монанд;
- малакаи хуби ташкили кор оид ба таъмину иҷрои талаботи ҳифзи меҳнат дар байни кормандон;
- мустақилият дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада;
- малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;
- омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва тарғибу ташвиқи масъалаҳои ҳифзи меҳнат;
- маҳорати ташкил намудани омӯзиш ва санҷиши дониши кормандон оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат;
- малакаи хуби омода намудани овезаҳои иттилоотӣ, гӯшаҳо оид ба ҳифзи меҳнат;
- дақиқкорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳою уҳдадориҳо.
5. Ба вазифаи мутахассиси пешбари бахши ҳамоҳангсози марказии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи омӯзгорӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва иқтисодӣ (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ё ба ҳамин монанд;
- муносибатҳои хуби муоширати байнишахсӣ ва гуфтушунидҳо;
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- маҳорати ташкил, коркард ва идораю нигоҳдории пойгоҳи додаҳо;
- маҳорати ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони муваққатии Марказ;
- маҳорати пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб ва дорои хусусияти коррупсионӣ дар бахш, нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ;
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани рӯнамоҳо, ҳисоботу гузоришҳо;
- дақиқкорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳою уҳдадориҳо.
6. Ба вазифаи сармутахассис-котиби матбуотии бахши робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ, филология, ҷомеашиносӣ (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- собиқаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи мушобеҳ;
- сатҳи баланди коммуникативӣ (муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ), қобилияти тайёр кардани варақаҳои иттилоотӣ барои шунавандагони аудиторияҳои гуногун;
- қобилияти омода намудани брифингҳои расмӣ, баёнот, пресс-релизҳо, маърузаҳо ва дигар маводди иттилоотӣ барои роҳбарият;
- малакаҳои беҳтарини кор бо компютер, қобилияти истифодаи маҷмуи барномаҳои коркарди матнҳо, омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои асосии MS Office, аз ҷумла Word, Excel, Power Point, Adobe Premiere Pro, Adobe After Effects ва дигар;
- малакаи кор бо таҷҳизоту воситаҳои сабти навор ва дастгоҳҳои аксбардорӣ;
- малакаи пуштибонии иттилоотӣ ва рушди сомонаҳо;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.
7. Ба вазифаи мутахассиси шуъбаи молия шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаи иқтисодиёт, баҳисобгирии муҳосибӣ, молия ва ё соҳаи ба ҳаминҳо монанд (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи мушобеҳ;
- донистани қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва низомномаҳои андозбандӣ;
- дониши хуби раванди ташаккули буҷа;
- сатҳи хуби муошират ва созмондеҳӣ;
- қобилияти омода намудани асноди молиявӣ ва ҳисоботҳои оморӣ барои сармуҳосиб ва роҳбарияти Марказ;
- малакаи хуби кор дар компютер, донистан ва омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои асосии MS Office, аз ҷумла Excel,Word ва ғайра;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои дигари хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.
Аз хоҳишмандон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
• ариза ба унвони директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• тарҷумаи ҳол (чопӣ ва электронӣ);
• нусхаи шиноснома;
• нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ).
• маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
• акс (3х4 ранга 2 дона).
Ҳуҷҷатҳои зикргардида ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд:
734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.
Тел.: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.
Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Шахси мутасаддӣ: П. Шаропова
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то соати 17:00, 12-уми июни соли 2024.