МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Эълон дар бораи ҷойҳои кории холӣ
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибшудан ба (вазифа) мансабҳои зерин озмун эълон менамояд:
1) сармутахассиси фанни физикаи раёсати таҳияи маводди имтиҳон;
2) сардори бахши пажӯҳиш ва рушди раёсати банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва муносибатҳои байналмилалӣ;
3) сардори бахши ҳифзи меҳнат;
4) мутахассиси бахши ҳифзи меҳнат;
5) мутахассиси бахши коргузорӣ ва назорат;
6) мутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
7) мутахассиси бехатарии иттилооти раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
8) мутахассис – барномасози раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
9) мутахассиси бахши ҳамоҳангсози марказии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон.
1. Ба вазифаи сармутахассиси фанни физикаи раёсати таҳияи маводди имтиҳон шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин мувофиқ бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи омӯзгорӣ (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ (ва ё дар дигар муассисаи соҳаи маориф) ба сифати мутахассиси фаннӣ;
- дониш ва қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тестҳо;
- малакаи баланди муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ;
- қобилияти кор кардан дар гурӯҳ ва дар шароити махфӣ (дар ҳолате, ки риояи махфият аз меъёрҳои асосии кори иҷрошаванда маҳсуб меёбад);
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои дигари хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда;
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ;
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.
2. Ба вазифаи сардори бахши пажӯҳиш ва рушди раёсати банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва муносибатҳои байналмилалӣ шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин мувофиқ бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи омӯзгорӣ, техника ва ё технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, омор ва ё барномасозӣ (омӯзиш дар курсҳои махсус вобаста ба мониторинг ва арзёбӣ, банақшагирӣ ва пажӯҳиш бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- собиқаи кории на кам аз 5 сол дар соҳаи омӯзгорӣ, пажӯҳиш ва муайян намудани меъёрҳои таҳлили оморӣ ва психометрӣ ва монанди инҳо;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои дигари хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ, аз қабили барномаҳои оморию таҳлилии SPSS ва LerTap ва MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Outlook);
- малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда;
- мустақилият дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада;
- малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ-ҳисоботӣ ва рӯнамоҳои электронӣ;
- омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва тарғибу ташвиқи масъалаҳои пажӯҳиш ва рушд;
- дақиқкорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳо.
3. Ба вазифаи сардори бахши ҳифзи меҳнат шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин мувофиқ бошад:
- доштани таҳсилоти олии касбии техникӣ ё муҳандисӣ;
- собиқаи кории на кам аз 3-сола дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва ба ҳамин монанд;
- малакаи кор бо гардиши электронӣ ва ё хаттии ҳуҷҷатҳо;
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ, аз қабили MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Outlook);
- малакаи хуби кор бо техникаи компютерӣ;
- малакаи иҷрои корҳои тарғибу таблиғ ва машғулиятҳои амалӣ дар ин самт;
- мустақилият дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада ва қобилияти зуд азхудкунии системаҳои мураккаб;
- малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;
- дақиқкорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои корҳо;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ (ҳадди ақал дар сатҳи техникӣ) бартарӣ дониста мешавад).
- малакаи хуби кор бо компютер, анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.
4. Ба вазифаи мутахассиси бахши ҳифзи меҳнат шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин мувофиқ бошад:
- таҳсилоти олии касбии техникӣ ё муҳандисӣ;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои дигари хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ, аз қабили MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Outlook);
- малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда;
- собиқаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва ба ҳамин монанд;
- малакаи хуби ташкили кор дар бораи таъмину иҷрои талаботи ҳифзи меҳнат дар байни кормандон;
- мустақилият дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада;
- малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;
- омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва тарғибу ташвиқи масъалаҳои ҳифзи меҳнат;
- маҳорати ташкил намудани омӯзиш ва санҷиши дониши кормандон дар бораи масъалаҳои ҳифзи меҳнат;
- малакаи хуби омода намудани овезаҳои иттилоотӣ, лавҳаҳо оид ба ҳифзи меҳнат;
- дақиқкорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳо.
5. Ба вазифаи мутахассиси бахши коргузорӣ ва назорат шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин мувофиқ бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ (соҳаи ҳуҷҷатнигорӣ ва ҳуқуқшиносӣ, инчунин омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- таҷрибаи кории на кам аз 2 сол дар соҳаи дахлдор;
- таҷрибаи кор бо гардиши электронӣ ва хаттии ҳуҷҷатҳо;
- қобилияти кор кардан бо риояи пурраи талаботи бехатарии иттилоот ва махфӣ нигоҳ доштани маълумот;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои дигари хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода карда тавонистани барномаҳои корбурдии MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Outlook), маҳорати кор бо шабакаи Интернет ва истифода аз имкониятҳои он.
6. Ба вазифаи мутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқӣ шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин мувофиқ бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, омӯзгорӣ ва ё идоракунии давлатӣ;
- собиқаи кории умумии на камтар аз 2 сол (таҷрибаи кории марбут ба кадрҳо ва корҳои махсус дар вазорату идораҳо афзалият дорад);
- қобилияти кор бо риояи пурраи талаботи бехатарии иттилоот ва махфӣ нигоҳ доштани маълумот;
- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои дигари хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- қобилияти ба таври фаврӣ амал кардан ҳангоми гузоштани масъалаҳои таъхирнопазир;
- малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода карда тавонистани барномаҳои корбурдии Ms Word, Ms Excel, Ms PowerPoint, Ms Outlook ва аз имкониятҳои интернет истифода карда тавонистан;
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.
7. Ба вазифаи мутахассиси бехатарии иттилооти раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин мувофиқ бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- омӯзиш дар курсҳои тахассусии ба соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла ба самти бехатарии иттилоот (дараҷаи байналмилалӣ бартарӣ ҳисобида мешавад);
- собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бехатарии иттилоот;
- малакаи баланди муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ;
- қобилияти кор кардан дар гурӯҳ ва дар шароити махфӣ (дар ҳолате, ки риояи
- махфият аз меъёрҳои асосии кори иҷрошаванда маҳсуб меёбад);
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо;
- донистани санадҳои меёрии ҳуқуқӣ дар самти иттилоот ва бехатарии он;
- донистани стандартҳои байналмилалии бехатарӣ;
- донистани технологияи шабакавӣ дар самти таъмини бехатарии шабака;
- донистани механизмҳои бехатарии иттилоотии системаҳои оператсионӣ;
- малакаи кор дар низомҳои идоракунии манбаи додаҳо;
- донистани забонҳои барномасозӣ (C#);
- таҳлил кардани коди барнома ва таҳияи вазифаҳо барои беҳтар намудани он бо мақсади баланд бардоштани бехатарӣ;
- таҳқиқи ҳамлаҳои ҳакерӣ;
- муайян намудани маҳдудиятҳои дастрасӣ ба маълумоти махфӣ дар шабакаи иттилоотии маҳаллӣ;
- танзими воситаҳои амнияти иттилоотӣ, насб ва идораи таҷҳизоти коммутатсионӣ;
- банақшагирӣ ва ташкили ҳифзи иттилоот;
- санҷиши усулҳои муҳофизат ва дақиқ намудани осебпазирӣ дар ҳифзи иттилоот;
- ҷустуҷӯи осебпазириҳо бо истифода аз нармафзори махсус ва рафъи онҳо;
- таҳлили системаҳои амниятӣ ва арзёбии осебпазирии эҳтимолӣ;
- маъмурияти шабака;
- маъмурияти сервери муҳофизати антивирусӣ, мониторинги ҳолати кормандон, нест кардани вирусҳо, танзими дақиқи муҳофизат;
- таҷриба дар ташкили системаҳои муҳофизатӣ аз дастрасии беиҷозат дар асоси Windows;
- принсипҳо, сохтор ва кори веб-замимаҳо;
- намудҳои асосии осебпазирии захираҳои рақамӣ;
- навиштани скриптҳо барои беҳинсозии идоракунии системаҳои амниятӣ;
- идоракунии инфрасохтори дастрасӣ;
- дониши боэътимод дар бораи фаъолияти шабака, суроғаи IP, масири статикӣ, моделҳои ISO OSI, TCP;
- таҷриба дар идоракунии Active Directory: ташкили сиёсатҳои гурӯҳӣ (GPO), идораи ҳуқуқҳои корбар;
- муқаррар намудани тартиби пайвастшавӣ ба Интернет бо назардошти талаботи амният;
- иштирок дар таҷҳизонидани Марказ бо воситаҳои нави техникии муҳофизат;
- таҳияи ҳуҷҷатҳо оид ба амнияти иттилоотӣ барои истифодаи дохилӣ.
8. Ба вазифаи мутахассис – барномасози раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин мувофиқ бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи ТИК;
- омӯзиш дар курсҳои тахассусии ба соҳаи ТИК, аз ҷумла ба самтҳои барномасозӣ, бехатарии иттилооти компютерӣ, манбаъҳои додаҳо бо соҳиб будан ба сертификатҳои дахлдор (дараҷаи байналмилалӣ) бартарӣ ҳисобида мешавад;
- малакаи корӣ аз рӯйи ихтисос ва таҳияи замимаҳои навъи мизоҷ (клиент)-серверӣ бо пойгоҳҳои додаҳо;
- таҷрибаи кор ва истифодабарии системаҳои амалиётии муосири оилаи Ms Windows ба монанди XP, 7, 8, 10, 11 ва барномаҳои амалӣ дар сатҳи баланд;
- маҳорати истифодабарии принсипҳои барномасозии сохторӣ ва самти объектӣ;
- малакаи истифодабарии забонҳои барномасозӣ ва воситаҳои таҳияи барномаҳои компютерӣ, аз қабили муҳити барномасозии Ms Visual Studio (C#, Visual BASIC), C++, Java, PHP;
- донишҳои амалӣ ва малакаи истифодабарии муҳити .NET/.NET.CORE;
- фаҳмиши назария ва технологияҳои пойгоҳҳои додаҳои релятсионӣ, принсипҳои лоиҳакашӣ, ташкил ва батартибдарории пойгоҳҳои додаҳо, забонҳои дархостӣ;
- маҳорати коркарди додаҳо дар заминаи системаи идоракунии пойгоҳҳои додаҳои Ms SQL Server;
- қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ (команда) ва доштани малакаҳои муоширатӣ дар сатҳи баланд;
- маҳорати хуби таҳлилӣ дар азхудкунӣ ва масъалаҳои бамиёномада ва мустақилият дар ҳалли онҳо;
- малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;
- дақиқкорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои корҳои базиммагузошта;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ, ҳадди ақал дар сатҳи техникӣ бартарӣ дониста мешавад).
- қобилияти кор дар шароити тадбирсозиҳои амниятӣ (махфият) – ҳолатҳое, ки риояи махфият аз меъёрҳои асосии кори иҷрошаванда маҳсуб меёбад;
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.
9. Ба вазифаи мутахассиси бахши ҳамоҳангсози марказии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки ба талаботи тахассусии зерин мувофиқ бошад:
- таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи омӯзгорӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва иқтисодӣ (омӯзиш дар курсҳои махсус бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
- собиқаи кории на камтар аз 2 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ё ба ҳамин монанд;
- муносибатҳои хуби муошират;
- малакаи хуби кор бо компютер ва қобилияти омода кардани маводди зарурӣ дар шакли электронӣ тавассути барномаҳои гуногуни компютерӣ;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои дигари хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
- маҳорати ташкил, коркард ва идораю нигоҳдории пойгоҳи додаҳо;
- маҳорати ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони муваққатии Марказ;
- маҳорати пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб ва дорои хусусияти коррупсионӣ дар бахш, нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ;
- малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани рӯнамоҳо, ҳисоботу гузоришҳо;
- дақиқкорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳою уҳдадориҳо.
Аз хоҳишмандон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:
• ариза ба унвони директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• тарҷумаи ҳол (чопӣ ва электронӣ);
• варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ;
• нусхаи шиноснома;
• нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
• нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
• маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
• маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
• акс (3х4 ранга 2 адад, 4х6 2 адад).
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо:
21 рӯз аз замони нашри эълон.
Ҳуҷҷатҳои зикргардида ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд:
734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.
Тел.: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.
Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Шахси мутасаддӣ: П. Шаропова