Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2024
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
*Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Афсунмехр: Калиди тестхо
Калиди тестхо кластери 3-и 2020 да кучо ёфтан мешад
19.10.2021
Дилноза Нарзулоева: Дохил шудан аз хорича ба Точикистон
Асалом. Дар бораи дохил шудан савол доштам. Ман айни хол дар Россия хонда истодаам синфи 11. Мехохам донишгохи тибби дохил шавам. Имконияташ хаст ки хучатхоро аз хаминчо фиристам, бад то вакти имтихон Точикистон рафта имтихонро супорам. Хохиш дар саволам чавоб дихед
13.10.2021
Бақайдгирии довталаб бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби ӯ дар ҳузураш ба воситаи техника ва технологияи муосир бо гирифтани сурат ва изи ангушти даст амалӣ мегардад.
Таъкид менамоем, ки Марказ барои онҳое, ки ҳангоми марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1‐уми март то 15‐уми апрел) аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар ин давра дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доштанд ё дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекарданд, аз 10‐ум то 30‐юми июн марҳалаи иловагии бақайдгириро дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ба роҳ мемонад.
Ҳамчунин, довталабон барои осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти худу кормандон аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи Интернет) истифода карда метавонанд. Низоми «Пешномнависӣ” ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар ҳолати бархат (онлайн) пешакӣ аз қайд гузарад. Барои ин довталаб бояд маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ омода карда, ба низом ворид намояд. Довталаб баъдан барои расмӣ кардани номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ бояд ҳатман ҳозир шавад.
Ин хизматрасонӣ мустақиман тавассути пайванди http://prereg.ntc.tj ё дар бахши “Пешномнависӣ”‐и саҳифаи асосии сомонаи Марказ дастрас мегардад.
Таъкид месозем, ки пешномнависӣ тавассути шабакаи Интернет ҳанӯз маънои расман ба қайд гирифтани довталабро надорад. Барои расман аз қайд гузаштан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) довталаб шахсан бояд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад.
24.01.2022
Меҳрафрӯзи Иброҳим
Салом! Оё дар донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ягон ихтисосе ҳаст, ки ба ихтисосҳои факултети филологияи тоҷики донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мувофиқат намояд? Илтимос ҷавоб диҳед.
18.09.2021
Ҳамаи ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки иборат аз 95 комбинатсия мебошад, аз рӯйи самт ба ду гурӯҳи ихтисосҳо: 2-юм - иқтисод ва география ва 4-ум - ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ тасниф шудааст.
Ихтисосҳои самти филология бошад, ба гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) мансуб мебошад (аз ҷумла, ихтисосҳои самти мазкури Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав).
24.01.2022
Мехрубон Довудов: намунаи саволхои давраҳои қабли
Бо салом. Чи гуна мешавад, намунаи тестҳои дар имтихонҳои чанд соли гузаштаро пайдо кард? Дар кисмати намунаи саволу масъалаҳои тест. Факат соли 2021ро дорад, ки ман солҳои пешинаашро низ лозим дорам Пешопеш сипосгузорам.
10.09.2021
Дар сомонаи расмии Марказ, танҳо, намунаи саволу масъалаҳои тести соли имтиҳон гузошта мешавад. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки ҳар сол Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи намунаи саволу масъалаҳои тестиро, аз ҷумла, ба китобхонаҳои марказии вилоят, шаҳр ва ноҳия, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, китобхонаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва шуъбаҳои кор бо хонандагони боистеъдоди шаҳру ноҳияҳо тақдим менамояд. Шумо намунаҳои солҳои пешинаро аз китобхонаҳо ва муассисаҳои номбаршуда дастрас карда метавонед.
24.01.2022
Сафаров Хумайни Маьдихучаевич: савол
Ман пас аз хатми синнфи 11 ба хизмати Модар Ватан рафтам оео ман метавонам дохил шавам ва чигуна
19.01.2021
Бале, Шумо метавонед дар вақти бақайдгирӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ рафта бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои худ аз қайд гузаред. Дар баробари ҳуҷҷатҳои худ нусхаи билети ҳарбиро низ пешниҳод намоед. Ба довталабоне, ки 2 соли пурра хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд имтиёз муқаррар гардидааст.
Барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи шакли рӯзонаи таҳсил маҳдудияти синнӣ муқаррар гардидааст, ки тибқи он таҳсили рӯзонаро аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ танҳо шахсони то 35‐сола ва аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо шахсони то 30‐сола интихоб карда метавонанд.
Маълумоти муфассалро дар бораи чунин масъалаҳо аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (Роҳнамои довталаб) ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.
21.01.2021
Эълонҳо
Мақолаҳо
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |