Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2024
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
*Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Бойзода Меҳрдод : «Дурахшандагон»
Мехостам пурсон шавам, ки имтиҳонҳои Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон»-ро низ ММТ омода менамояд ва намунаи имтиҳонҳоро аз куҷо дастрас намоем. Қаблан сипосгузорам.
08.03.2024
Рӯзибоев Фаррухрӯз: Оиди кабинети инфиродӣ
Ассалому алейкум ҳангоми бақайдгирӣ ман ба ман рамз дода шуда буд барои кабинети инфиродӣ лекин ҳангоми навиштани рамз ивази рамз мегӯяд, сабабаш дар чист? Агар ҳангоми иваз кардан ягон мушкилӣ намешавад ?
06.03.2024
Довталаби муҳтарам! Пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзӯъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Хотиррасон менамоем, ки рамзи дар варақаи бақайдгирӣ мавҷудбуда рамзи муваққатист ва Шумо ҳангоми пурсидани ивази рамз рамзеро ишора намоед, ки танҳо, худатон бояд донед.
Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ барои кумаки мутахассисонро ҷиҳати воридшавӣ ба кабинети инфиродиатон гирифтан, тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
07.03.2024
Домуллоҷонов Хуршедҷон: Оид ба Донишгохи тиббии Рассия
Дар Душанбе макони интихом супори ба донишгохи тиббии Рассия бояд дар куҷо супоридан даркор
06.03.2024
Довталаби муҳтарам! Аввалан, ба Шумо тавсия медиҳем, ки пеш аз ирсоли нома, савол ва ғайра матни навиштаатонро боз як бор бодиққат хонед. Чун ба беғалат будан ва дорои мантиқ будани навиштаҳоятон боварӣ ҳосил намудед, баъд ирсол намоед. Сониян, ёдовар мешавем, ки ба қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул аст. Лутфан, ба ҳамин Марказ муроҷиат намоед.
07.03.2024
Камолидинов Саидикром : Калид
Салом алейкум калиди саволхои тести кай мебароянд?
05.03.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, соли ҷорӣ низ, чун дар солҳои қаблӣ (2019-2023) маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Вобаста ба ин, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои ҳар яке аз маҷмуаҳо дар сомонаи Марказ дар давоми моҳи март нашр ва эълон хоҳад шуд.
05.03.2024
Алиев Абдухалил: Дар бораи роҳнамо
Шумо дар дарсҳои ММТ тарзи навиштани ҷавобро дар саволу масъалаҳои кушода дар катакчаҳо аз охир нишон дода будед, аммо дар китобҳои "роҳнамои довталаб" чунин тарзи ҷавобнависӣ баракс аст яъне аз аввали катакчаҳо нишон дода шудааст.Лутфан ҷавобро зудтар гардонед. Дар китоби "роҳнамои довталаб" саҳифаи 56
29.02.2024
Довталаби муҳтарам! Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол низоми имтиҳонҳои дохилшавиро такмил медиҳад. Дар соли 2024 тасмим гирифта шуд, ки ҷавоб – ҳар рақами адади ҳосилшуда бояд дар катаки алоҳида ва аз тарафи чап навишта шавад. Воҳидҳои ченак, ба мисли кг, л, м, км2, °, °С ва ғайра дар варақаи ҷавобҳо навишта намешавад. Лутфан, дар навишти ҷавобҳои ин навъи тест таъкиди дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" зикршударо риоя намоед.
01.03.2024
Эълонҳо
Мақолаҳо
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |