Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2024
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
*Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Музаффаров Ахмад: Маблаги донишгох
Салом Ман мехохам донам барои шахсонеки ятим ë нимятим хастанд пули донишгох кам карда. Мешавад ë барои хама якаст
25.07.2023
Акбаршоев Неъмоншо : "Таҳсилро 1 сол дертар оғоз кардан"
Ассалому алейкум мехостам донам, ки баъд аз қабул шудан ба Донишгоҳҳо мо метавонем ҳуҷҷатҳоро тайёр кунем ва 1 сол дертар таҳсилро оғоз кунем? Ҷавоби шуморо интизорам!
25.07.2023
Довталаби муҳтарам!Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ тибқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 6‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шаванд. Дар ҳолати дар муҳлати муайянгардида ҳозир нагаштани довталаб, ҷойи ӯ холӣ эълон карда мешавад. Хотиррасон менамоем, ки натиҷаи имтиҳонҳо, танҳо, дар соли супоридани он қурб дорад.
25.07.2023
Мирзоқулов Илёсхӯҷа: Номгӯи ҳуҷҷатҳо
Ассалому алейкум, баъди тақсимот, яъне баъди қабул шудан ба донишгоҳи миллӣ аз рӯйи ихтисоси кори табобатӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст,
25.07.2023
Довталаби муҳтарам! Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот комёбгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд: 1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ; 2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат); 3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у); 4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см); 5) маълумотнома аз ҷойи зист; 6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (асл ва нусхаи шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум); 7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон); 8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
25.07.2023
Рустамов Абдуазим: Донишгоҳ
Салом . Ҳангоми ҳуҷҷатсупорӣ мо бояд кадом ҳуҷҷатҳоро бо худ гирем
25.07.2023
Довталаби муҳтарам! Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот комёбгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд: 1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ; 2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат); 3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у); 4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см); 5) маълумотнома аз ҷойи зист; 6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (асл ва нусхаи шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум); 7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон); 8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
25.07.2023
Шоева Рухшона : Ивазкунии ихтисос
Салом ! МЕХОСТАМ донам ,ки агар ман ба ихтисоси аввале,ки гирифтам бали гузаришам расад ,аммо ман мехоҳам ,ки ба ихтисоси дуюм бударо интихоб кунам ки дар он ҳам бали гузариш мерасад . Шумо мегуфтед ,ки оё ман метавонам онро иваз кунам.
24.07.2023
Довталаби муҳтарам! Дар раванди тақсимоти довталабон аз рӯйи ихтисосҳо ба муассисаҳои таълимӣ ҷиҳатҳои зерин ба назар гирифта мешаванд: комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда ва бартарии онҳо, шумораи ҷойҳо тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ, балҳои умумии бадастовардаи ҳар як довталаб. Дар раванди тақсимоти довталаб ин шарт ҳатман эътибори зиёд дорад, ки ӯ дар давраи бақайдгирӣ интихобҳояшро чӣ гуна аз рӯйи бартарияшон нишон додааст, яъне ин амал тибқи бартарии интихобҳои довталаб иҷро мешавад. Бинобар ин, довталаб баъди тақсимот ҳуқуқи иваз кардани бартарии (тартиби) интихобҳояш, яъне тағйир додани ҷойи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашро надорад.
25.07.2023
Эълонҳо
Мақолаҳо
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |